preloader

интизор шавед...

Вохӯрӣ бо намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон

  • 06-июл-2026
  • 197 дидани саҳифа

Имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии судманд бо намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Тоҷикистон доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии «Тақвияти низоми минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба амалӣ нмудани лоиҳаи таҷрибави (пилотӣ)-ро дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Маркази мониторинги сейсмикии Институт ҳамчун объекти таҷрибавӣ  интихоб карда шавад.

Дар доираи лоиҳа коркард ва ҳисоб намудани акселерограммаҳои заминларза, ташкили корҳои симулятсионӣ ва корҳои таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ба ҳолатҳои фавқулода, инчунин таҳия ва омода намудани дастурамалҳои вазифавӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот пешниҳод гардид, ки барои кормандони Институт давраҳои омӯзишӣ ва корҳои амалии ҳисобҳои конструктивӣ бо ҷалби олимони Ҷопон баргузор карда шаванд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ ва такмили зарфиятҳои илмӣ-техникии мутахассисони Институт мусоидат хоҳад намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи босамари лоиҳаи мазкур иброз намуданд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту