
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давраҳои омӯзишии кутоҳмуддати тахассусӣ барои мутахассисон ва кормандони ҷавон оғоз гардид.
Гуфта мешавад, ки курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.11.2025, №570 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ» ва тибқи фармоиши директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01.07.2026, №161 «Дар бораи ташкил намудани курси кутоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи барномаи “Сейсмология” роҳандозӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Перезиденти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода соли ҷорӣ (02.04 соли 2026) дар ИГСЗТС АМИТ Маркази замонавии мониторинги сейсмикӣ созмон дода шуд, ки замина ва шароити хело олӣ барои омода кардани кадрҳои илмии ҷавон ва гузаронидани мониторинги сейсмикӣ фароҳам овард.
Ба давраи омӯзишӣ олимон, пажӯҳишгаронии ҷавон, магистрантон ва мутахассисони ҷавони Институт ҷалб гардида, онҳо ба омӯзиши назариявӣ ва амалии масъалаҳои кунунии сейсмология фаро гирифта шудаанд.
Дар доираи барномаи таълимӣ устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзидаи соҳа аз рӯи мавзуъҳои гуногуни сейсмология, аз ҷумла асосҳои сейсмология, методҳои кунунии таҳлил ва коркарди додаҳои сейсмикӣ, мониторинги сейсмикӣ ва дигар самтҳои муҳими илмӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро баргузор менамоянд.

Ҳамзамон, дар рафти машғулиятҳо ба иштирокчиён имконият фароҳам оварда мешавад, ки донишҳои назариявии худро тавассути корҳои амалӣ ва таҳлили мисолҳои воқеии сейсмикӣ мустаҳкам намоянд. Ин раванд барои рушди малакаҳои таҳқиқотӣ, корбурди технологияҳои кунунӣ ва омода намудани кадрҳои илмии баландихтисоси ҷавон дар соҳаи сейсмология аҳаммияти муҳим дорад.
Татбиқи чунин давраҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ, такмили малакаҳои амалии мутахассисони ҷавон ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи сейсмология мусоидат намуда, дар амалисозии Барномаи давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ саҳми арзанда мегузорад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои ин курс барои таҳкими зарфиятҳои илмӣ ва техникии Институт ва баланд бардоштани сифати пажӯҳишҳои сейсмологӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.