preloader

интизор шавед...

Семинари илмӣ доир ба ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ

  • 10-июл-2026
  • 38 дидани саҳифа

9 – уми июли соли 2026, дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор гардид. Дар кори семинар олимону пажӯҳишгарон, кормандони илмӣ ва намояндагони сохторҳои Институт иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ, амният ва ҳамкориҳои созандаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилаӣ–«Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» исботи ин нуктаи муҳим аст, ки кишвари мо ва сарвари сулҳпарвари он  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои таҳкими сулҳу озодӣ талош менамояд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур низ баррасии саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ, инчунин таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқии кормандони илмӣ ва нақши илм дар тарғиби арзишҳои сулҳу субот арзёбӣ гардид.

Нахуст директори Институт, номзади илмҳои геология-минералогия Сафарализода Носир Саидҷалол ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати қабули ин санади муҳими байналмилалӣ табрик намуда, таъкид кард, ки пазируфта шудани қатъномаи мазкур аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид боз як дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи дипломатияи созандаву сулҳпарваронаи давлат маҳсуб меёбад.  

Директори институт аз ҷумла иброз намуд: “Мавриди таъкиди хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар самтҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ гардидаанд. Дар шароити мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз ташаббусе, ки ба таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона шудааст, аҳамияти вижа касб мекунад. Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.

Носир Сафарализода дар бахши дигар аз суханронии хуб таъкид намуд, ки қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боз як нишонаи эътирофи нақши созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва натиҷаи сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус дар самти таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар шинохта шудааст. 

Директори институт инчунин иброз дошт, ки “ҳифзи сулҳу субот ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои илмӣ ба шумор меравад”.

Дар ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор ДӯстзодаҲамрохонҶумъа дар мавзуи “Давлатмарде бо рисолати сулҳофарӣ баромад намуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун давлати ташаббускор ва масъулиятшинос дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ мавқеи устувор касб намудааст. Пешниҳоди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самтҳои обу иқлим, рушди устувор, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу субот Тоҷикистонро ба яке аз иштирокчиёни фаъоли дипломатияи бисёрҷониба табдил додааст. Қабули Қатъномаи нав оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» идомаи мантиқии ҳамин сиёсати дурандешона буда, нуфуз ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам таҳким мебахшад.

Дар ҷараёни ҳамоиш Кароматуллои Юсуф бо маърузаи илмӣ таҳти унвони «Аз сулҳи тоҷикон то сулҳи ҷаҳон: ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ» суханронӣ намуда, аҳамияти таърихии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҷрибаи муваффақи сулҳи тоҷикон ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таҳлил қарор дод. Номбурда зикр кард, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» боз як дастоварди муҳими дипломатияи тоҷик буда, эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Сипас, мудири лабораторияи петрология ва гоекимиё, доктори илмҳои геология-минералогия Ғафурзода Фарҳод Ғиёс дар мавзуи «Вазъи иҷрои Қонуни забони давлатӣ дар рушди илми геология» маъруза намуда, масъалаҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди истилоҳоти соҳавии геология, таҳияи осори илмӣ ба забони давлатӣ ва нақши забони тоҷикӣ ҳамчун забони илмро мавриди таҳлил қарор дод. Дар маъруза таъкид гардид, ки рушди забони давлатӣ дар муҳити илмӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими истиқлоли илмӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.

Дар қисми музокира иштирокчиён - директори институт Носир Сафарализода, ходими пешбари институт, н.и.г.-м. Субҳонқул Мавлонӣ ва дигарон доир ба мавзуъҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва ҳамзамон зарурати рушди забони давлатӣ дар соҳаи илм ҳамчун омили муҳими пешрафти илм ва таҳкими ҳувияти миллӣ таъкид карданд.

Дар анҷоми семинар зикр гардид, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, саҳми арзандаи кишвари моро дар таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои созандаи байни давлатҳо боз ҳам тақвият мебахшад. Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳои илмиро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат муҳим арзёбӣ намуданд.


Амриддин ҲОҶИЕВ,

котиби илмии Институти гелология,

сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва

сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту