
Дар доираи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12. соли 2025 барои тақвияти ҳамамкорӣ ва ба имзо расондани Созишномаи сетарафа байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геомеханикаи Академияи илмҳои геологияи Чин ва Институти геология, сохтмони ба заминчунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Точикистон рӯзи 21-уми июли соли равон дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Институти геомеханикаи Академияи илмҳои геологии Чин мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби Институти геомеханикаи Академияи илмҳои геологии Чин муовини директори Лабораторияи палеомагнитизм Дун Ябо, ходимони пешбари илмӣ Чжан Кайсун, Ли Чунлин ва Сян Тао ширкат карданд. Аз ҷониби Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Директори институт Носир Сафарализода, ходими пешбари илмии лабораторияи канданиҳои фоиданок Субҳонқул Мавлонӣ, ходимони илмӣ Хуршед Раҳимов иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ин боздид баррасии имконияти ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак, омодасозии кадрҳои илмӣ ва мубодилаи таҷриба байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти геомеханикаи Академияи илмҳои геологияи Чин ва Институти геология, сохтмони ба заминчунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Точикистон буд.

Дар доираи ин мулоқот, ҷониби Институт зарфиятҳои илмию техникии худро дар соҳаҳои муҳими илмӣ, аз ҷумла геология, тектоника, сейсмология, петрология, палеонтология, геологияи нафту газ ва дигар самтҳои афзалиятнок ба таври муфассал муаррифӣ намуд. Инчунин, фаъолияти ҳамаҷонибаи озмоишгоҳҳои илмӣ, дастовардҳои гурӯҳҳои тадқиқотӣ, натиҷаҳои корҳои илмии гузашта ва лоиҳаҳои ҷорӣ, инчунин мақолаю нашрияҳои бонуфузи илмии пажӯҳишгарони Институт мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Дар навбати худ, намояндагони Институти геомеханикаи Академияи илмҳои геологии Чин дар бораи фаъолият, самтҳои асосии пажӯҳишу омӯзиш ва таҷрибаи корҳои саҳроии худ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуда, оид ба натиҷаҳои омӯзишҳои гузашта ва рафти лоиҳаҳои ҷории худ муаррифӣ карданд.

Ҳамчунин, ба меҳмонон дар Маркази мониторинги сейсмикӣ системаҳои муосири дарёфт, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти сейсмикӣ дар вақти воқеъ шудани он муаррифӣ карда шуд. Зикр гардид, ки Институт барои мониторинги фаъолияти сейсмикӣ дар минтақа иқтидори зарурӣ дорад.
Дар суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои илмию амалиро баррасӣ карданд, ки муҳимтаринашон аз инҳо иборат буданд:
- Ҳамкории илмӣ: Директори Институт бо таваҷҷӯҳ ба рушди муносибатҳои дуҷониба пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳои васеъ ва ҳамаҷониба бо Институти геомеханикаи Академияи илмҳои геологии Чин ба роҳ монда шаванд. Ин ташаббус ташкил ва гузаронидани корҳои саҳроии муштарак, таъсиси гурӯҳҳои тадқиқотӣ ва лабораторияҳои муштарак барои гузаронидани таҳлилҳои муосир, инчунин тарҳрезӣ ва омодасозии мақолаҳои муштараки илмӣ барои нашр дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалиро ба таври фарогир дар бар мегирад.
- Омодасозии кадрҳо: Масъалаи омодасозии кадрҳои ҷавони илмӣ, такмили ихтисоси муҳаққиқони тоҷик ва баланд бардоштани тахассуси онҳо дар базаи илмию озмоишгоҳии Институти геомеханикаи Чин ба таври муфассал муҳокима гардид. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки омода намудани мутахассисони варзида ва табодули таҷрибаи илмӣ кафили асосии муваффақияти лоиҳаҳои оянда хоҳад буд.
Намояндагони ҷониби Чин ба ин пешниҳодҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки онҳо дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.
АЗ ИН МУЛОҚОТ ЧӢ НАТИҶА МЕТАВОН БАРДОШТ?

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, ҳарду ҷониб омодагии комили худро барои густариши ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд баён карданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои анҷомёфта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои илмии дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав боло баранд. Аз ҷумла, тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.
Ҳамзамон, ҳамчун қадами аввалини амалӣ барои нашри мақолаҳои муштарак дар маҷаллаҳои бонуфуз, тасмим гирифта шуд, ки баъзе аз намунаҳои геологии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология бо истифода аз имкониятҳо ва озмоишгоҳҳои муосири Институти геомеханикаи Чин таҳқиқ карда шаванд. Ин иқдом ба мустаҳкам шудани ҳамкории мутахассисони ҳарду институт такони ҷиддӣ мебахшад.
Хуршед Раҳимов, ходими хурди илмии ИГСЗТС АМИТ