preloader

интизор шавед...

Баргузории дарси омӯзишии шитобҳои сейсмикӣ барои моделҳои қабулшудаи сарчашмаҳои сейсмикӣ дар Институт

  • 26-июл-2026
  • 32 дидани саҳифа

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.11.2025, №570 «Дар бораи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025”» ва тибқи фармоиши директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 01.07.2026, №161 «Дар бораи баргузор намудани курси кутоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи барномаи “Сейсмология”, дар Институт давраҳои омӯзишии кутоҳмуддат барои кадрҳои ҷавон роҳандозӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бо дастгирии Перезиденти АМИТ, академик  Қобилҷон Хушвахтзода соли ҷорӣ (02.04 соли 2026) дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази замонавии мониторинги сейсмикӣ созмон дода шуд. Ин иқдоми пурарзиш ва қадами бузург дар роҳи рушди илми ватанӣ мебошад. Ин иқдом на танҳо барои омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмии ҷавон заминаи мусоид фароҳам овард, балки барои гузаронидани мониторинги боэътимоди сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё сохт.

Бо чунин дастгириҳои пайвастаи Перезиденти АМИТ, академик Қобилҷон Хушвахтзода бовар дорем, ки олимони институт минбаъд низ дар пешбурди илми сейсмология ва таъмини амнияти сейсмикии кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар замони Шуравӣ, дар Институт ва дар дигар сохторҳо Маркази мониторинги сейсмикӣ вуҷуд надошт ва бо ифтихор гуфта метавон, ки ин маҳсули замони Истиқлол буда, дар Тоҷикистон ягона Маркази мониторинги сейсмикӣ ба шумор меравад, ки дар он олимони варзида ва мутахассисони ҷавон фаъолияти илмии хешро пеш мебаранд.

Соли ҷорӣ бо ташаббусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки Бонки ҷаҳонӣ дар доираи зербанди 2.4. “Мустаҳкамкунии база барои таъмин намудани устувории конструксионӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон” ба мақсади омӯзиши нишондодҳои динамикии биноҳои ҷамъиятиву истиқоматӣ ва иншооти зерсохти шаҳри Душанбе ҳангоми заминҷунбиҳои сахт, шумораи муайяни лавозимоту воситаҳои зарурӣ ба Институт ворид карда шуд. Ин лавозимоту воситаҳои сейсмкӣ, мутобиқи нақша барои васлу насби таҷҳизоти сейсмикии рақамӣ дар пойгоҳҳои сейсмикии Институт ва бинову иншооти шаҳри Душанбе мебошанд, ки ба Маркази мониторинги сейсмкӣ пайваст гашта, доираи фаъолият ва имконятҳои мониторинг ва арзёбии хатарҳои сейсмикиро дақиқтар ва бештар мекунад.

Баҳри иҷрои қарори ёдоваришда, аз ин шароити фароҳамшуда олимон ва кормандони илмӣ барои донишандузӣ низ истифода мебаранд. Чанд ҳафта боз дар ин марказ курси кутоҳмуддати омӯзишӣ аз рӯи барномаи “Сейсмология” ва ГИС-технология баргузор карда мешавад, ки ба он бештар олимони ҷавон ҷалб карда шуда, донишмандони варзидаю таҷрибадори Институт ба онҳо асосҳои илми сейсмологияро меомӯзонанд. Дарси навбатиро Мудири озмоишгоҳи баҳодиҳии хатарҳои сейсмикии ИГСЗТС АМИТ, номзади имлҳои геология ва минералогия Ш.Я. Муродқулов дар мавзуи “Иҷрои ҳисобкунии шитобҳои сейсмикӣ барои моделҳои қабулшудаи сарчашмаҳои сейсмикӣ” бо истифода аз технолгияи нав гузашт.

Дар қисми якуми дарс Ш. Муродқулов зикр намуд, ки барои ҳисоб кардани арзёбиҳои хатари сейсмикӣ сарчашмаҳои асосии моделсозии сейсмкии зерин кор бурда мешаванд:

 1. Модели хаттӣ

 2. Модел ба намуди зонаҳо

 3. Модели нуқтавӣ

Кафишҳои фаъоли интихобшуда ва сегментҳои онҳо ҳамчун модели хаттӣ

Бинобар сарчашмаи асосии заминҷунбиҳо будани кафишҳои тектоникӣ аз нигоҳи геологӣ модели хаттӣ барои ҳисоб намудани эҳтимолияти баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар барномаи CRISISIS2015 ба кор бурда мешавад, ки дар натиҷаи он қиматҳои шитобнокии грунтҳо ба даст оварда мешавад.

Дар ҷараёни омӯзиш мудири лабораторияи баҳодиҳи бехатарии сейсмикии ИГСЗТС АМИТ Ш. Муродқулов доир ба ҳисобкунӣ бо ёрии барномаи тахассусии CRISISIS2015 шитобҳои сейсмикӣ (шитобҳои спектралӣ) барои се намуди моделҳо сарчашмаҳои сейсмикро шаҳр дод:

- кафишҳои фаъол ҳамчун сарчашмаҳои хаттии заминҷунбиҳо;

- маҳалҳо ё минтақаҳои тақсимоти сейсмикӣ ҳамчун сарчашмаҳои майдонии заминҷунбиҳо;

- модели нуқтавии сарчашмаҳои сейсмикӣ

Барномаи тахассусии CRISISIS2015

Бо истифода аз дарахти логикии рӯйдодҳо ҳисобкуниҳои ниҳоии шитобҳои сейсмикӣ барои коҳиш додани номуайяниҳоро иҷро карда ба шунавандагон ба таври амалӣ нишон дод.

Дар барномаи ГИС пойгоҳи додаҳои шитобҳои сеймикии ҳисобшударо тартиб дода, равиши онро (9 қимати ординатаҳои спектралӣ аз 0.01 то 3 сония) низ амалан манзури мутахассисони ҷавон ва магистрантон кард

Дар натиҷа дар рафти кори амалӣ тарзи сохтани харитаи матрисаи қиматҳои шитобнокии максималии грунтҳо бо воситаи барномаи CRISISIS2015 ва ГИС амалан нишон дода шуда, харитаи зерин сохта шуд.

Харитаи матрисаиқиматҳои шитобнокии максималии грунтҳо

Ин харита ҳамчун замина барои сохтани харитаи ниҳоии арзёбии сейсмикӣ ба кор бурда мешавад. Дар поёни дарс  Ш. Муродкулов ба иштирокунадагон супоришҳои амалӣ дод ва онҳо бо истифода аз технологияи рақамӣ ин супоришро иҷро карданд.

Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шарофати сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф ва технологияҳои кунунӣ ба марҳилаи нави рушд ворид шуданд.

Ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба олимону пажӯҳишгарон имкон дод, ки заминаҳои мусоид барои фаъолияти эҷодӣ ва илмию пажӯҳишии онҳо фароҳам оварда шаванд. Дар партави ин таваҷҷуҳ ва татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ, имрӯз дар Институт тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд.

Чуноне ишора рафт, яке аз дастовардҳои муҳими ин давра роҳандозӣ ва ташкили давраҳои омӯзишӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом на танҳо сифати пажӯҳишро баланд хоҳад бардошт, балки имкон ба миён меорад, то мутахассисони соҳа бо технологияҳои кунунӣ ва талаботи замона ошно гарданд. Гузариш ба раванди рақамисозӣ шароити мусоид фароҳам меорад, ки илми тоҷик бо марказҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамқадам шавад.

Дар ин замина, роҳбарият ва олимону кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баробари истиқболи гарм аз ин ташаббусҳо, миннатдории самимии худро ба Роҳбари олии кишвар барои ғамхориҳои рӯзмарра ва дастгирии ҳамаҷонибаи олимон изҳор медоранд.

Ҳамзамон, барои кӯмакҳо ва мусоидати амалии техникӣ дар самти татбиқи ин иқдомоти муҳим, изҳори сипоси самимона ба Бонки ҷаҳонӣ баён мекунад. Чунин ҳамкориҳо шаҳодати эътибори байналмилалии Институт ва талошҳо барои рушди устувори илму технология дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки дастуру супоришҳо ва барномаҳои давлатиро бо сифати баланд иҷро карда, кадрҳои илмии ҷавонро барои рушду пешрафти Тоҷикистон омода созад. Бо истифода аз имкониятҳои муосир ва дастгириҳои давлат, таҳкими заминаи зеҳнии кишвар ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир дар мадди назари роҳбарият қарор дорад.

 

Сафарализода Н.С.

Директори Институти геология,

сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар

ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту