Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои дар сатҳи баланд ва омодагиҳои ҷиддӣ истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 17-уми декабри соли 2025 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026” ба тасвиб расид.
Бо мақсади иҷрои талаботи Фармони мазкур, инчунин дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои дахлдор таҳия гардида, иҷрои он зери назорати роҳбарияти Институт қарор дода шудааст.
Мақсади асосии татбиқи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани ҳолати техникию санитарии биноҳо, рушди зерсохтҳои илмӣ, ободу зебо гардонидани муҳити корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва маърифати экологӣ, истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии кормандон мебошад.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда, 25 – уми июли соли 2026 дар бинои асосии Институт (кӯчаи Айнӣ, 267), биноҳои озмоишгоҳҳо (кӯчаи Айнӣ, 121) ва пойгоҳи сейсмикии Ғарм (ноҳияи Рашт) шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият, кормандони илмӣ, муҳандисон ва ёрирасони воҳидҳои сохтории Институт фаъолона иштирок намуда, корҳои тозагӣ, ободонӣ ва созандагиро анҷом доданд.
КОРҲОИ ИҶРОШУДА:
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати техникию эстетикии иншооти Институт, намои берунии бинои озмоишгоҳи «Зилзилатобоварии бино ва иншоот» дар масоҳати зиёда аз 770 м2 таъмир ва рангубор гардида, гирду атрофи он пурра тоза карда шуд.
Ҳамзамон дар озмоишгоҳҳои «Зилзилатобоварии бино ва иншоот», «Зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникӣ» ва як қатор утоқҳои кории бинои маъмурӣ корҳои таъмири дохилӣ дар масоҳати зиёда аз 360 м2 анҷом дода шуданд, ки барои беҳтар гардидани муҳити фаъолияти илмӣ ва шароити меҳнати кормандон мусоидат намуданд.




Дар доираи корҳои ободонӣ зиёда аз 1600 м2 ҳудуди Институт аз партобҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуд.
Ҳамчунин зиёда аз 80 бех дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда аз навдаҳои зиёдатӣ тоза ва шаклдиҳӣ гардида, нигоҳубини агротехникии онҳо таъмин карда шуд.
Дар масоҳати зиёда аз 600 м2 корҳои даравидани алаф ва сабзу хуррам нигоҳ доштани майдонҳо гузаронида шуд, ки ин намуди зоҳирии ҳудуди Институтро ба таври назаррас дигаргун сохт.


Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии китобдорӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти китобхона ба талаботи кунунӣ, китобхонаи Институт бо 4 адад картотекаи нави замонавӣ таъмин гардид, ки барои такмили низоми бақайдгирӣ ва ҷустуҷӯи адабиёти илмӣ мусоидат менамояд.

Дар пойгоҳи сейсмикии Ғарм, воқеъ дар ноҳияи Рашт, низ корҳои назарраси ободониву созандагӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, ҳудуди пойгоҳ ва гирду атрофи биноҳои хидматӣ аз партобҳо ва алафҳои бегона тоза гардида, нигоҳубини дарахтон, рангкунии бино, кабудизоркунӣ ва ободонии роҳравҳои дохилӣ ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон дар биноҳои хидматии пойгоҳ корҳои ҷории таъмиру рангубор, беҳтар намудани ҳолати техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти кормандон амалӣ гардиданд. Ин тадбирҳо барои таъмини фаъолияти устувори таҷҳизоти мушоҳидавии сейсмологӣ, нигоҳдории инфрасохтори илмӣ ва баланд бардоштани омодагии техникии пойгоҳ аҳамияти муҳим доранд.
Пойгоҳи сейсмикии Ғарм яке аз пойгоҳҳои муҳими илмии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар самти омӯзиши равандҳои геодинамикӣ, бақайдгирии заминҷунбиҳо ва гузаронидани таҳқиқоти сейсмологӣ нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, нигоҳдорӣ ва рушди серсохти он яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Институт ба шумор меравад.



Таҳлили натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда нишон медиҳад, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №1102 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда амалӣ гардида истодааст.
Тадбирҳои иҷрошуда ба беҳтар гардидани ҳолати техникии биноҳо, рушди зерсохтҳои илмӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи ободонӣ ва кабудизоркунӣ, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин баланд бардоштани фарҳанги меҳнат, маърифати экологӣ ва масъулияти шаҳрвандии кормандон мусоидат намуданд.
Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои ободониву созандагиро пайваста идома медиҳад.
Ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Институт минбаъд низ бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои рушди зерсохтҳои илмӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти илмӣ, ҳифзи муҳити зист, ободу зебо гардонидани муассиса ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳанд намуд.
Ҳоҷиев А.К.,-Котиби илмии Институти геология,
сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар
ва сейсмологияи Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон