Ин аст мароми кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар осонаи ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатӣ

Тобистон мавсимест, ки агар аз рӯзҳои гарми он хуб истифода шавад, манфиати бештаре мерасад. Ба ин нукта Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Носир Сафарализода хеле хуб пай бурдааст ва ин шабу рӯз маҳз рӯзҳои гарми тобистонро ба манфиати ободонии бинои маъмуриву пойгоҳҳои сейсмикӣ истифода мекунад.
Дар асл агар бигӯем, ки корҳои ободонии биноҳои фарсуда дар марказ ва дар пойгоҳҳои зилзиласанҷии тобеъи Институт дар шаҳру навоҳии кишвар тамоми сол идома доранд, иштибоҳ нахоҳем кард. Як назари сатҳӣ ба дигаргун шудани симои зоҳирии бинои асосии Институт кофист, ки донем дар ин ҳаддиақал як сол ин бино то куҷо рӯ ба ободӣ овардаву чеҳра тағйир додааст.
Бинои мазкур аз зумраи биноҳои таърихан куҳани пойтахти кишварамон шаҳри Душанбест, ки дар минтақаи дурафтодаи пойтахт - километри нуҳум ҷой гирифтааст. Бино солҳои сол рӯи таъмир надида буд. Дару девори он фарсуда шудаву баъзе утоқҳо корношоям ҳам гардида буданд. Ба назар мерасад барои Носир Сафарализода таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ободонӣ баробар ба кушоишҳои илмиву татбиқи лоиҳаҳои бунёдӣ аст. Дар баробари идомаи корҳои таҳқиқотӣ дар соҳа ба масъалаи таъмир таваҷҷуҳ намудан ва ҷумлаи иқдомҳои созанда аст.
Бахусус вусъати корҳои ободонӣ дар остонаи ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷиҳати шоиставу сазовор пешвоз гирифтани ин санаи тақдирсоз ҷойи таҳсину офарин ҳам дорад. Зеро ин ҳама ба ҳадафҳои асосии Институт, ки аз беҳтар намудани ҳолати техникию санитарии биноҳо, рушди зерсохтҳои илмӣ, ободу зебо гардонидани муҳити корӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва маърифати экологӣ, истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии кормандон иборат мебошад, посухгӯст.
Шанбеи гузашта корҳои ободонӣ тибқи нақшаи аз қабл тарҳрезишудаву тасдиқгардида дар бинои асосии Институт (кӯчаи Айнӣ, 267) ва Озмоишгоҳи сейсмикии Симиганҷ идома ёфт.
Дар Институт бо ширкати бевоситаи худи директор Носир Сафарализода як силсила корҳои андоваи деворҳо ва фаршу сақфи утоқҳо, зинаҳо, роҳравҳо анҷом дода шуданд, ки суратгузориши зер баёнгари ин ҳама корҳои ободкорист.




