preloader

интизор шавед...

Роҳандозии корҳои профилактикӣ-таъмирӣ дар пойгоҳи геофизикии Симиганҷ

  • 03-авг-2026
  • 22 дидани саҳифа

 

Кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар пойгоҳҳои геофизикии Симиганҷ корҳои ободонӣ, профилактикӣ-таъмирӣ гузаронданд.

Ин бор кормандони Институт вазъи дастгоҳҳои сабту ташхиси заминларзаро дар ин пойгоҳ санҷиданд, нуқсу камбудии техникии ошкоршударо фаврӣ бартараф карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки пойгоҳи геофизикии мазкур без аз 40 сол пеш, соли 1982 бунёд шудааст ва аз як  бино дуошёнаи хидматӣ ва таҳхона иборат аст. Бино солҳои тулонӣ таъмир надида буд. Моҳи октябри соли 2025 кормандони Институт бо ширкати бевоситаи директори он Носир Сафарализода сақфу фарши биноро комилан навсозӣ карданд. Деворҳои рехтаву фарсудашударо андова намуда, ба утоқҳои торик барқ оварда буданд.

Дар ин пойгоҳ соли 2016 дастгоҳи сейсмикии рақамӣ насб карда шуда, ба  системаи ягонаи сейсмикии онлайнии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо пайваст карда шуда буд. Аз он вақт ба инҷониб маълумот дар сервери ягона барои омӯзиш ва коркард ҷамъоварӣ мешавад. Баъдан ин маълумоти гирдомада аз ҷониби мутахассисони Институт мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор мегирад.

Таъкид кардан бомаврид аст, ки зарфи ду соли охир директори Институт Носир Сафарализода ба ободониву таҳкими техникии зарфиятҳои пойгоҳҳои сейсмикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард ва то кунун аксари ин пойгоҳҳо таъмир шудаву, тбо таҷҳизоти нави замонавии рақмӣ тақвият дода шҳудаанд.

Иқдоми навсозии таҷҳизоти пойгоҳҳои сейсмикӣ метавонад такони хубе дар омӯзиши омилу сабабҳои заминларзаҳо дар минтақа ва вақту соати дақиқи вуқуи онҳо бошад ва дар пешрафти илми ларзашиносии кишвар қадаме ба пеш бошад.


Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту