
7 – уми августи соли 2026 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони “Рушди илми геология дар замони соҳибистиқлолӣ” баргузор гардид.
Гуфтанист, ки ин семинар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)” доир гардида, дар он олимону муҳаққиқон, кормандони илмӣ ва намояндагони сохторҳои Институт иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии дастовардҳои илми геологияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, тавзеҳи аҳаммияти сиёсиву байналмилалии қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид, инчунин таҳкими маърифати сиёсиву ҳуқуқии кормандони илмӣ ва баланд бардоштани нақши илм дар тарғиби арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва суботи ҷомеа арзёбӣ гардид.
Дар оғози ҳамоиш директори Институт, номзади илмҳои геология ва минералогия Сафарализода Носир Сайдҷалол иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)” нишонаи равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Директори Институт дар бахши дигар аз суханронии хуб иброз дошт, ки истиқлол барои халқи тоҷик имкони муайян намудани роҳи мустақили рушдро фароҳам оварда, дар давоми 35 соли охир кишвар дар самтҳои иқтисод, энергетика, саноат, зерсохт, маориф, илм ва фарҳанг ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Таъкид карда шуд, ки рушди устувори Тоҷикистон маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, имрӯз ҳифзи ин арзишҳои муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳамзамон, Носир Сафарализода бо зикри обрӯи байналмилалии Тоҷикистон таъкид намуд, ки кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо мавқеи шоиста касб кардааст. Ба андешаи ӯ, муассисаҳои илмӣ дар баробари рушди илм вазифадоранд, ки дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ саҳми муассир гузоранд.
Дар идомаи семинар иштирокчиён бо як қатор маърузаҳои илмӣ баромад намуданд. Доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) Назаров Парвиз дар мавзуи «Таҳшинҳои лёссии ҷануби Тоҷикистон: хусусиятҳои палеоиқлимӣ ва стратиграфӣ» (“Лёссовые отложения юга Таджикистана: Палеоклимат и стратиграфия”) натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро оид ба хусусиятҳои таҳшинҳои лёссӣ, аҳаммияти онҳо дар омӯзиши тағйирёбии иқлими қадим ва муайян намудани марҳалаҳои геологии ҷануби Тоҷикистон муаррифӣ намуда, нақши чунин пажӯҳишҳоро дар рушди геологияи муосир арзёбӣ кард.

Номзади илмҳои геология ва минералогия Файзуллоев Ш.А. дар мавзуи «Таҳлили рушди пошхӯриҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистони Марказӣ» (“Анализ развития осыпей Центрального Таджикистана”) оид ба омилҳои қонуниятҳои бавуҷудоии таҳшониҳои делювиалӣ дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, таъсири онҳо ба муҳити геологӣ ва аҳаммияти омӯзиши чунин равандҳо барои арзёбии хавфҳои табиӣ ва таъмини бехатарии инфрасохторӣ маълумоти илмӣ пешниҳод намуд.
Баҳодурова О.Р. дар маърузаи худ таҳти унвони “35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи геологияи тоҷик” муҳимтарин дастовардҳои соҳаи геологияро дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дода, аз густариши корҳои таҳқиқотӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳамчун омилҳои асосии рушди соҳа ёдовар шуд.
Номзади илмҳои геология ва минералогия Одинаев Ш.А. дар мавзуи «Шароити геологии ташаккули кони Черногорски скаполити ҷавоҳиротӣ дар Помири Марказӣ» (“Условия образования Черногорского месторождения ювелирного скаполита, Центральный Памир”) хусусиятҳои геологии кони Черногор, шароити минералҳосилшавӣ ва арзиши илмӣ ва амалии скаполити гавҳариро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дурнамои корбурди амалии натиҷаҳои таҳқиқотро шарҳ дод.

Ошурбекова А.Д. дар мавзуи “Даҳсолаи сулҳ – омили рушди наслҳои ояндаи соҳаи геология” оид ба робитаи сулҳу субот бо рушди илму маориф суханронӣ намуда, таъкид кард, ки танҳо дар фазои ором ва устувор имконияти рушди тадқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои нав ва тарбияи мутахассисони соҳибихтисос фароҳам мегардад. Ӯ инчунин аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамкориҳои илмӣ махсус қайд намуд.
Дар семинар Ҳоҷиев А.К. дар мавзуи “Саҳми Қориев Абдураҳим Расулович дар рушди илми геология” фаъолияти илмӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва хидматҳои арзандаи ин донишмандро дар омӯзиши сохтори геологии кишвар, тайёр намудани мутахассисони соҳа ва рушди мактаби миллии геология мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар қисми музокира директори институт Сафарализода Н.С., сарходими илмӣ, доктори илмҳои геология ва минералогия Ғафурзода Ф.Ғ., номзадҳои илмҳои техникӣ Рахманов А.А.ва Наҷибуллои Р., номзадҳои илмҳои геология ва минералогия Ҷураев Р.У. ва Швартс А.В., ходими хурди илмӣ Назриев Ҷ. ва дигар иштирокчиён доир ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти рушди илми геология, густариши таҳқиқоти илмӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ таъкид карданд.
Дар ҷамъбасти семинар зикр гардид, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар танҳо бо иштироки фаъоли шаҳрвандон, махсусан ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст, имконпазир мебошад. Таъкид шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат барои рушди илм, иқтисод ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам овардааст.

Иштирокчиён инчунин таъкид намуданд, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи Тоҷикистон буда, саҳми кишвари моро дар таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои созандаи байни давлатҳо боз ҳам тақвият мебахшад.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён баргузории чунин семинарҳои илмиро барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро воситаи муассири таҳкими робитаи илм бо ҷомеа донистанд.


А.Ҳоҷиев, иҷрокунандаи
вазифаи котиби илмии Институт