
Дар пешрафти ҳар як шохаи илм шахсиятҳое ҳастанд, ки бо андешаи нав, меҳнати пайгир ва садоқати касбӣ роҳи тозаро барои рушди он ҳамвор месозанд. Арзиши чунин афрод танҳо дар шумораи осори илмии онҳо нест, балки дар он аст, ки онҳо мактаби илмӣ ба вуҷуд меоранд, шогирд мепарваранд ва барои пешрафти ҷомеа заминаи устувор мегузоранд. Дар таърихи илми геологияи Тоҷикистон Абдураҳим Расулович Қориев аз зумраи чунин донишмандон аст.
Зиндагии устод Қориев бо омӯзиши сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон, рушди литология, геологияи нафт ва пажӯҳиши гилҳои бентонитӣ пайванди ногусастанӣ дошт. Ӯ аз ҷумлаи он олимоне буд, ки натиҷаи ҳар як пажӯҳишро танҳо дастоварди назариявӣ намешуморид, балки мекӯшид, ки он ба пешрафти истеҳсолот, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва беҳбудии рӯзгори мардум хидмат намояд.
Дар тули қариб шаш даҳсолаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худ Абдураҳим Қориев дар ташаккули яке аз муҳимтарин самтҳои геологияи амалии Тоҷикистон саҳми бузург гузошт. Пажӯҳишҳои ӯ доир ба таҳшинҳои давраи бӯр ва палеоген, омӯзиши ҳавзаҳои таҳшинӣ, муайян намудани шароити пайдоиши канданиҳои сӯзишворӣ ва бахусус омӯзиши бентонитҳои Тоҷикистон то имрӯз аҳаммияти илмӣ ва амалӣ доранд.
Номи ӯ бо рушди яке аз равияҳои муҳими геологияи тоҷик - бентонитшиносӣ низ сахт пайвандӣ дорад. Бо роҳбарии ӯ ин самт аз як мавзӯи маҳдуди илмӣ ба бахши мустақили пажӯҳиш табдил ёфт, ки натиҷаҳои он дар саноат, кишоварзӣ, сохтмон, тиб ва дигар бахшҳои хоҷагии кишвар татбиқ гардиданд.
Аммо ҷойгоҳи устод танҳо бо дастовардҳои илмӣ маҳдуд намешавад. Ӯ омӯзгори соҳибмактаб, роҳбари кордон, ташкилкунандаи корҳои илмӣ ва тарбиятгари даҳҳо муҳаққиқону мутахассисони ҷавон буд. Аз ҳамин рӯ, ҳангоми сухан аз зиндагии ӯ, пеш аз ҳама бояд аз хизматҳои ӯ дар рушди илми тоҷик ёдовар шуд.
ОҒОЗИ РОҲИ ИЛМ
Абдураҳим Расулович Қориев 3 –уми августи соли 1936 дар шаҳри бостонии Хуҷанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Аз овони наврасӣ ба омӯзиш дилбастагӣ дошт ва мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуд. Маҳз ҳамин кӯшишу донишандӯзӣ роҳи ӯро ба яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои соҳаи геологияи Иттиҳоди Шуравӣ боз намуд.
Соли 1954 ӯ ба Донишкадаи нафту кимиёи Москва ба номи академик И.М. Губкин дохил шуда, ихтисоси геология ва ҷустуҷӯи конҳои нафту газро интихоб кард. Дар он солҳо ин донишгоҳ маркази асосии парвариши мутахассисони соҳаи геологияи нафту газ ба шумор мерафт ва дар он донишмандони маъруфи ҷаҳон дарс мегуфтанд. Таҳсил дар чунин муҳити илмӣ ҷаҳонбинии касбии Абдураҳим Қориевро шакл дод ва меҳри пажӯҳишро дар қалби ӯ боз ҳам бештар гардонд.
Пас аз хатми донишгоҳ соли 1959 ӯ фаъолияти худро дар Институти геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуд. Аз ҳамон рӯз то охири умр тамоми кору пайкори илмии ӯ бо ҳамин даргоҳи илм пайванд ёфт.
Ӯ фаъолияти худро аз вазифаи лаборанти калон дар озмоишгоҳи нафту газ оғоз намуд. Ин марҳила барои ташаккули ӯ ҳамчун пажӯҳишгар аҳамияти бузург дошт. Дар баробари корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии намунаҳо ва омӯзиши онҳо дар озмоишгоҳ, ӯ бо усулҳои навини таҳқиқи ҷинсҳои таҳшинӣ ошно гардид. Роҳбарии нахустини илмии ӯро геологи маъруф К.В. Бабков ба уҳда дошт.
Аз рӯзҳои аввал ӯ худро ҳамчун муҳаққиқи кунҷков, дақиқкор ва меҳнатдӯст нишон дод. Барои ӯ геология танҳо омӯзиши таркиби кӯҳсор набуд. Ӯ табиатро чун китоби бузурги таърих медид, ки ҳар қабати ҷинсҳои кӯҳӣ саҳифае аз гузаштаи миллионсолаи Заминро дар худ нигоҳ доштааст. Маҳз ҳамин тарзи андеша баъдан асоси ҳамаи корҳои илмии ӯ гардид.
ПАЖӮҲИШҲОИ НАХУСТИН
Дар солҳои нахустини фаъолияти илмӣ Абдураҳим Қориев бештар ба омӯзиши таҳшинҳои ҷануби Тоҷикистон рӯ овард. Он солҳо омӯзиши ҳавзаҳои таҳшинӣ барои муайян намудани дурнамои захираҳои нафту газ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мерафт.
Абдураҳим Расулович Қориев дар ҷараёни пажӯҳишҳои илмии худ нахуст хусусиятҳои литологии таҳшинҳои давраи бӯри фурӯрафтии Кӯлоб, минтақаҳои Ҳарзрати Шоҳ ва Оби Нови Дарвозро ҳамаҷониба таҳлил намуд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот намудҳои гуногуни генетикии таҳшинҳои ҳамсинну сол муайян гардида, уфуқҳои барои пайдоиши нафту газ мусоид ва ҷинсҳои коллекторӣ, ки ҷойгоҳи табиии ҷамъшавии моеъҳои карбогидридӣ ба шумор мераванд, аз ҳам ҷудо ва тавсиф карда шуданд. Ин натиҷаҳо барои муайян намудани қабатҳои дорои дурнамои нафту газ аҳамияти амалӣ доштанд ва баъдан дар корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ низ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳосили ҳамин пажӯҳишҳои чандинсола пояи пажӯҳишномаи номзадии ӯ гардид, ки соли 1972 бомуваффақият дифоъ намуд. Ин рисолаи илмӣ оғози марҳилаи нави фаъолияти илмии устод ба ҳисоб меравад. Баъди он Абдураҳим Қориев ҳамчун яке аз литологҳои варзидаи Тоҷикистон шинохта шуд ва доираи пажӯҳишҳои ӯ пайваста густариш ёфт.
КАМОЛОТИ ИЛМӢ ВА ПОЯГУЗОРИИ ПАЖӮҲИШИ БЕНТОНИТҲОИ ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи гузашта барои Абдураҳим Расулович Қориев давраи камолоти илмӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии мустақили пажӯҳишӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин солҳо ӯ аз доираи омӯзиши ҷудогонаи таҳшинҳои кӯҳӣ берун рафта, ба баррасии масъалаҳое рӯ овард, ки барои пешрафти иқтисоди кишвар аҳамияти бевосита доштанд.
Пажӯҳишҳои солҳои нахуст нишон дода буданд, ки дар сарзамини Тоҷикистон захираҳои фаровони ашёи хоми маъданӣ мавҷуданд, вале бисёре аз онҳо ҳанӯз ба таври кофӣ омӯхта нашудаанд. Яке аз чунин сарватҳои табиӣ гилҳои бентонитӣ буд. Дар он айём ин навъи ашёи хом дар ҷаҳон аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекард, зеро дар даҳҳо бахши саноат, кишоварзӣ ва сохтмон ба кор мерафт. Аммо дар Тоҷикистон дониши илмӣ дар бораи таркиб, паҳншавӣ ва имкони истифодаи онҳо ҳанӯз маҳдуд буд.

Абдураҳим Қориев аз нахустин олимоне буд, ки дурнамои ин самти пажӯҳишро дуруст дарк намуд. Ба андешаи ӯ, омӯзиши бентонитҳо набояд танҳо ба тавсифи геологии конҳо маҳдуд гардад. Зарур буд, ки ҳам хусусиятҳои минералшиносӣ ва ҳам имкони истифодаи амалии онҳо омӯхта шавад. Ин андеша баъдтар ба меҳвари ҳамаи корҳои илмии ӯ табдил ёфт.
Бо дастури Кумитаи давлатии илм ва техникаи Иттиҳоди Шуравӣ таҳқиқоти фарогир оид ба омӯзиши таҳшинҳои палеогении ҷанубу ғарби Тоҷикистон ва ҷустуҷӯи захираҳои бентонит оғоз гардид. Роҳбарии ин кори бузурги илмӣ ба Абдураҳим Қориев вогузор шуд.
Бо ибтикори ӯ дар Институти геология озмоишгоҳи махсуси “Бентонит” таъсис ёфт. Ин озмоишгоҳ ба маркази асосии омӯзиши гилҳои бентонитии ҷумҳурӣ табдил гардид. Дар он ҷо гурӯҳи донишмандону муҳандисони ҷавон гирд омада, таҳти роҳбарии устод корҳои саҳроӣ, озмоишгоҳӣ ва таҷрибавиро анҷом медоданд. Ин иқдом барои геологияи тоҷик аҳамияти бузург дошт, зеро нахустин бор омӯзиши бентонитҳо дар доираи як барномаи ҳамагонӣ ба роҳ монда шуд.
Пажӯҳишҳо чанд самтро дар бар мегирифтанд: муайян намудани ҷойгиршавии конҳо, омӯзиши таркиби минералӣ ва кимиёвии онҳо, арзёбии сифати ашёи хом ва таҳияи роҳҳои истифодаи он дар истеҳсолот. Ҳамин тарзи фарогири пажӯҳиш имкон дод, ки бентонитҳо на танҳо ҳамчун падидаи геологӣ, балки ҳамчун сарвати муҳими иқтисодӣ арзёбӣ шаванд.
Яке аз дастовардҳои арзишманди ин гурӯҳи илмӣ муайян намудани захираҳои бузурги бентонит дар чандин минтақаи ҷумҳурӣ буд. Ҳамзамон, барои нахустин бор хусусиятҳои физикӣ, кимиёвӣ ва технологияи истифодаи онҳо дар асоси озмоишҳои илмӣ муайян карда шуданд. Ин натиҷаҳо асоси нақшаҳои минбаъдаи истифодаи ин сарватро фароҳам оварданд.
Аммо хидматҳои устод танҳо ба ошкор кардани конҳо маҳдуд набуд. Ӯ пайваста таъкид мекард, ки ҳар як кашфи илмӣ танҳо ҳамон вақт арзиш пайдо мекунад, ки ба рушди кишвар мусоидат намояд. Аз ҳамин рӯ, гурӯҳи ӯ ҳамзамон роҳҳои татбиқи натиҷаҳои пажӯҳишро низ меҷуст.
Дар натиҷаи ин корҳои илмӣ нишон дода шуд, ки бентонитҳои Тоҷикистон метавонанд дар бахшҳои гуногуни истеҳсолот бо муваффақият истифода шаванд. Аз ҷумла, онҳо барои истеҳсоли қолабҳои рехтагарӣ, соҳаи нассоҷӣ, саноати ранг, равғанбарорӣ, сохтмон, поксозии об, кишоварзӣ, чорводорӣ ва чандин бахши дигар мувофиқ мебошанд.
Ин натиҷаҳо барои иқтисоди кишвар аҳаммияти хос доштанд, зеро имкони истифодаи ашёи хоми дохилиро фароҳам меоварданд ва вобастагиро аз воридоти чунин мавод коҳиш медоданд.
Аз муҳимтарин вижагиҳои фаъолияти илмии Абдураҳим Қориев он буд, ки ӯ ҳамеша робитаи илму истеҳсолотро нигоҳ медошт. Барои ӯ пажӯҳиш ҳадафи худӣ набуд; илм бояд ба зиндагии мардум суд расонад. Ин андеша тамоми фаъолияти ӯро роҳнамоӣ мекард ва имрӯз низ яке аз меъёрҳои асосии илми муосир ба шумор меравад.
Яке аз намунаҳои равшани чунин ҳамгироӣ истифодаи бентонитҳои маҳаллӣ дар тиб мебошад. Дар ҳамкорӣ бо пизишкони тоҷик усули нави истифодаи навъи маҳаллии бентонит - истонтаунит - барои муолиҷаи бемориҳои милки дандон таҳия гардид. Абдураҳим Қориев дар ҳамкорӣ бо табибони стоматолог И.С. Соатов ва О.И. Арихбаева соли 2002 соҳиби Патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Дар солҳои баъдӣ доираи истифодаи бентонитҳои Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфт. Таҳқиқот нишон доданд, ки ин ашёи хом дар беш аз бист бахши иқтисоди миллӣ метавонад ба кор равад. Ин дастовард на танҳо арзиши илмӣ, балки аҳамияти бузурги давлатӣ низ дошт, зеро ба истифодаи босамари сарватҳои дохилӣ мусоидат мекард.
Барои ҳамин саҳми бузург Абдураҳим Қориев дар миёни ҷомеаи илмии Тоҷикистон ҳамчун поягузори мактаби омӯзиши бентонитҳои кишвар шинохта шуд. Бо ибтикори ӯ як самти нави пажӯҳишӣ ба вуҷуд омад, ки баъдан шогирдону ҳамкоронаш онро идома доданд.
Маҳз ҳамин хидматҳо боис гардиданд, ки соли 1995 ӯ узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад. Соли 2011 бошад, ба гурӯҳи олимон таҳти роҳбарии ӯ барои силсилаи корҳои илмӣ оид ба омӯзиш ва истифодаи бентонитҳои Тоҷикистон Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У. Умаров дода шуд.
Ин қадрдонӣ танҳо ба шахсияти як олим набуд, балки эътирофи он буд, ки пажӯҳишҳои чандинсолаи ӯ барои рушди илми геология ва пешрафти иқтисоди кишвар аҳаммияти бузург доранд.
ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ ВА ҶОЙГОҲИ АБДУРАҲИМ РАСУЛОВИЧ ҚОРИЕВ ДАР РУШДИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН
Дар баробари корҳои пурбори илмӣ, Абдураҳим Расулович Қориев дар парвариши мутахассисони ҷавон низ саҳми арзанда гузошт. Ӯ солҳои зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз фанҳои геологияи нафту газ, литология, гидрогеология ва геоэкология дарс гуфта, аз соли 2003 ҳамчун дотсенти кафедраи “Мелиоратсия, барқарорсозӣ ва ҳифзи замин” фаъолият дошт. Дар ин давра як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва дигар маводи омӯзиширо таҳия намуданд, ки дар омода намудани мутахассисони соҳа нақши муҳим бозиданд.
Ба боварии устод, пешрафти илм танҳо бо заҳмати як нафар имкон надорад; ҳар насл бояд дониш, таҷриба ва ҷаҳонбинии худро ба насли дигар биспорад. Аз ин рӯ, омӯзгорӣ барои ӯ танҳо пеша набуд, балки қарзи инсонӣ ва илмӣ маҳсуб мешуд.
Дар фаъолияти омӯзгорӣ устод бештар ба парвариши тарзи андешаи илмӣ аҳамият медод. Ӯ пайваста таъкид мекард, ки геолог бояд пеш аз ҳама мушоҳидакори дақиқ, таҳлилгари борикбин ва дӯстдори табиат бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар санг, ҳар қабати ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҳар нишонаи геологӣ гувоҳи як бахши таърихи Замин аст ва пажӯҳишгар бояд онро дуруст бихонад.
Яке аз паҳлуҳои камтар бозгӯшудаи фаъолияти устод саҳми ӯ дар ташкили корҳои илмӣ мебошад. Солҳои зиёд ӯ вазифаи котиби илмии Институти геологияро бар дӯш дошт ва ҳамзамон нахустин котиби илмии Шӯрои дифои рисолаҳои илмии институт буд. Дар ин вазифаҳо ӯ дар тарбияи муҳаққиқони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи пажӯҳишҳои илмӣ ва густариши ҳамкории илмӣ саҳми чашмгир гузошт.
Баъдан ҳамчун муовини директор оид ба илм ва сипас иҷрокунандаи вазифаи директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолияти густурда анҷом дод. Дар ин давра барои нигоҳ доштани пайванди пажӯҳишҳои бунёдӣ бо корҳои амалӣ, такмили корҳои саҳроӣ ва дастгирии олимони ҷавон талоши зиёд ба харҷ дод.
Мероси илмии Абдураҳим Қориев танҳо аз мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ иборат нест. Ӯ муаллифи даҳҳо китоб, дастури таълимӣ ва осори илмӣ мебошад, ки солҳои зиёд ҳамчун сарчашмаи омӯзиш барои донишҷӯён ва муҳаққиқон хизмат кардаанд. Аз ҷумла, китобҳои «Асосҳои геология», «Гидрогеология бо асосҳои геология», «Таҳқиқоти муҳандисию геологӣ», «Геоэкология» ва «Курси лексияҳо аз гидрогеология» то имрӯз арзиши худро аз даст надодаанд. Ин осор танҳо китобҳои дарсӣ нестанд. Онҳо бозгӯи таҷрибаи чандинсолаи саҳроӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва диди омӯзгории муаллиф мебошанд.
Ҳангоми арзёбии фаъолияти илмии Абдураҳим Қориев бояд як нуктаи муҳимро махсус таъкид кард. Ӯ аз ҷумлаи он донишмандоне буд, ки илми геологияро танҳо воситаи кашфи сарватҳои зеризаминӣ намешуморид. Ба андешаи ӯ, омӯзиши табиат бояд ҳамзамон ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва рушди устувори кишвар мусоидат намояд. Ин андеша имрӯз низ як меҳвари асосии илми муосири геология ба шумор меравад.
Бо ҳамин ҷаҳонбинӣ устод дар фаъолияти худ ҳамеша ба пайванди илм бо ниёзҳои ҷомеа такя мекард. Ӯ бовар дошт, ки ҳар пажӯҳиши илмӣ бояд барои давлат ва мардум судманд бошад. Аз ҳамин рӯ, корҳои ӯ ҳам дар илми бунёдӣ ва ҳам дар бахшҳои амалии иқтисод татбиқи худро пайдо карданд.
Агар ба таърихи рушди геологияи Тоҷикистон назар афканем, равшан мегардад, ки ҳар давра бо номи чанд донишманди барҷаста пайванд дорад. Дар миёни онҳо Абдураҳим Расулович Қориев ҷойгоҳи шоистаи худро дорад. Хидматҳои ӯ дар омӯзиши литология, геологияи нафт, таҳшиншиносӣ, пажӯҳиши бентонитҳо, ташкили корҳои илмӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон бахши ҷудонашавандаи таърихи геологияи тоҷик мебошанд.
Имрӯз, пас аз гузашти солҳо, натиҷаи меҳнати ӯро метавон дар чанд самт мушоҳида кард: дар пажӯҳишҳое, ки шогирдонаш идома медиҳанд; дар китобҳое, ки ҳанӯз мавриди истифодаанд; дар озмоишгоҳҳое, ки бо ибтикори ӯ бунёд шуданд; ва дар он андешаи илмие, ки омӯзиши сарватҳои табииро бо манфиати ҷомеа пайванд медиҳад.
Абдураҳим Расулович Қориев 9 декабри соли 2017 аз миёни мо рафт, аммо осори илмӣ ва мактаби ӯ ҳамоно зинда аст. Арзиши ҳақиқии зиндагии як донишманд на танҳо дар умри сипаришуда, балки дар меросест, ки барои наслҳои баъдӣ боқӣ мегузорад. Мероси устод Қориев низ аз ҳамин қабил аст.
Ин аст, ки номи Абдураҳим Расулович Қориев на танҳо дар саҳифаҳои таърихи геологияи тоҷик, балки дар хотираи ҷомеаи илмии кишвар ҳамчун донишманди хирадманд, омӯзгори соҳибмактаб ва фарзанди содиқи Ватан бо эҳтиром ёд мешавад.
Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Рӯҳашон шод, хотираашон ҷовид ва номи некашон ҳамеша зинда бод!
Амриддин ҲОҶИЕВА, иҷрокунандаи вазифаи котиби илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.