preloader

интизор шавед...

35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи геологияи тоҷик

  • 08-авг-2026
  • 48 дидани саҳифа

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо ба даст овардани истиқлол барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаи геология, имкониятҳои нав фароҳам омаданд. Дар давоми 35 соли истиқлол соҳаи геология ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди кишвар табдил ёфта, дар омӯзиш, муайянсозӣ ва истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ нақши муҳим бозид.

Дар солҳои аввали истиқлол, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди корҳои геологӣ тадбирҳои зарурӣ андешид. Бо дастгирии давлат фаъолияти экспедитсияҳои геологӣ аз нав ба роҳ монда шуда, омӯзиши минтақаҳои дорои захираҳои канданиҳои фоиданок густариш ёфт. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ захираҳои нави тилло, нуқра, металлҳои нодир, ангишт, намак, сурб, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар навъҳои канданиҳои фоиданок муайян ва арзёбӣ гардиданд.

Омӯзиш ва истифодаи самараноки ин захираҳо барои рушди саноати кишвар, таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ бо ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи геология ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла:

- густариши корҳои ҷустуҷӯию иктишофии геологӣ;

- таҳияи харитаҳои муосири геологӣ;

- омӯзиши конҳои нав ва баҳодиҳии захираҳои онҳо;

- истифодаи таҷҳизоти муосир дар корҳои саҳроӣ ва озмоишгоҳӣ;

- омода намудани мутахассисони ҷавон;

- густариши ҳамкориҳои илмӣ ва техникии байналмилалӣ.

Натиҷаҳои корҳои геологӣ барои рушди саноати кӯҳӣ, металлургия, сохтмон, энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам меоранд. Истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ ба рушди истеҳсолот, афзоиши содирот, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ ва маъданӣ мебошад ва истифодаи самараноки онҳо барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ин нукта вазифаи муҳими геологҳоро муайян менамояд, ки омӯзиш ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд дар асоси дастовардҳои илмӣ, технологияҳои муосир ва бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист анҷом дода шавад.

Дар даврони истиқлол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи геология таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо қабули барномаҳои давлатӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва ҷалби сармоя барои корҳои геологию иктишофӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Яке аз чунин ҳуҷҷатҳои муҳим Барномаи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рушди соҳаи геология барои солҳои 2021–2030 мебошад, ки самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳа, истифодаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани самаранокии корҳои геологиро муайян менамояд.

Дар доираи сиёсати давлатии саноатикунонии босуръати кишвар рушди соҳаи геология ҳамчун заминаи асосии таъмини саноат бо ашёи хом арзёбӣ мегардад. Бидуни корҳои ҷустуҷӯию иктишофии геологӣ рушди корхонаҳои маъданӣ, металлургӣ ва дигар бахшҳои истеҳсолӣ имконнопазир мебошад.

Яке аз омилҳои муҳими пешрафти соҳа омода намудани мутахассисони соҳибкасб мебошад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мутахассисони ҷавон аз рӯйи ихтисосҳои геология, геофизика, гидрогеология ва канданиҳои фоиданок омода карда мешаванд.

Дар раванди таҳсил донишҷӯён донишҳои назариявиро бо корҳои саҳроӣ ва таҷрибаомӯзӣ пайваст намуда, барои фаъолияти касбӣ омода мегарданд. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои муосир, системаҳои иттилоотии ҷуғрофӣ, усулҳои нави ҷустуҷӯи маъданҳо ва таҳлилҳои лабораторӣ ба баланд гардидани сифати корҳои геологӣ мусоидат менамоянд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи геология заминаи устувор фароҳам овард. Дар тули 35 соли истиқлол корҳои омӯзишӣ, ҷустуҷӯӣ ва иктишофии геологӣ густариш ёфта, барои муайян намудани захираҳои нави канданиҳои фоиданок ва истифодаи самараноки онҳо имкониятҳои васеъ ба вуҷуд омаданд.

Дар ин давра геологҳои тоҷик барои кашф ва омӯзиши конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок заҳмати зиёд кашида, дар рушди соҳа саҳми арзанда гузоштанд. Имрӯз низ онҳо бо истифода аз таҷрибаи андӯхта ва усулҳои муосири илмӣ фаъолияти худро идома медиҳанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки соҳаи геология дар солҳои минбаъда яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда, дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Муваффақиятҳои бадастомада натиҷаи сиёсати дурандешона ва созандаи давлат дар солҳои истиқлол буда, идомаи ин раванд барои рушди минбаъдаи илми геология ва истифодаи самараноки сарватҳои табиии Тоҷикистон заминаи боэътимод фароҳам меорад.

 

Озодамоҳ БАҲОДУРОВА,

ходими хурди илмии озмоишгоҳи палеонтология

 ва стратиграфияи Институти геология,

сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту