preloader

интизор шавед...

Озмоишгоҳи канданиҳои фоиданоки институт дар 35 соли Иститқлол

  • 11-авг-2026
  • 45 дидани саҳифа

Озмоишгоҳи канданиҳои фоиданок соли 1951 таъсис ёфта, имрӯз яке аз марказҳои муҳимми таҳқиқоти геологӣ ва минералогии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Самти асосии фаъолияти он омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок, таркиби минералӣ ва геохимиявии онҳо, шароити ташаккул ва қонуниятҳои ҷойгиршавии конҳо мебошад.

Дар давраи истиқлол фаъолияти озмоишгоҳ ба талаботи нави иқтисодӣ ва илмӣ мутобиқ шуда, ба омӯзиш ва арзёбии самараноки захираҳои зеризаминии кишвар равона гардид. Дар рушди он саҳми доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор, узви вобастаи АМИТ А.Р. Файзиев, ки солҳои 1997-2024 роҳбарии озмоишгоҳро ба уҳда дошт, хеле назаррас мебошад. Аз соли 2025 роҳбарии озмоишгоҳро доктори илмҳои геология ва минералогия Ф.А. Файзизода ба уҳда дорад.

Яке аз дастовардҳои муҳимми озмоишгоҳ дар солҳои душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ ташаккули насли нави геологҳо буд. Бо ташаббуси А.Р. Файзиев ҷавонони маҳаллӣ ба корҳои илмӣ ҷалб гардиданд. Дар натиҷа беш аз бист нафар, аз ҷумла Фозилзода М.М., Ғафурзода Ф.Ғ., Матвеева И.Н., Скочилов Ю.В., Соҳибов Ш., Худобахш Ш.О., Абдуллоҳзода Ф.А., Оймаҳмадзода И.С., Лоиқзода М.Л., Самиев М.Б., Файзизода Ф.А., Сафарализода Н.С., Узоқова Ш.Н., Элназар С.А., Набиев Н.Ф., Маҳмадалиев А.Ғ., Мутавалиев А.Т., Ятимзода С.Б., Сафарӣ Н. рисолаҳои номазадӣ ва ду нафар - Ф.Ғ. Ғафурзода ва Ф.А. Файзизода– рисолаҳои докториро ҳимоя карданд. Имрӯз аксари ин мутахассисон дар муассисаҳои гуногуни илмӣ ва геологии кишвар фаъолияти пурсамар доранд.

Ҳамкории илмии озмоишгоҳ бо муассисаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ, аз ҷумла Осорхонаи минералогии ба номи А.Е. Ферсман, имкониятҳои таҳқиқотиро васеъ намуд. Бо иштироки олимони маъруф таҳқиқот дар Дараи Пиёз, Кӯҳи Малик ва Помир гузаронида шуда, таҷҳизоти муосир, аз ҷумла микроскопи электронии сканерии JSM-35 CF ва дифрактометри ДРОН-2 ба фаъолияти илмӣ ҷалб гардиданд.

Дар давраи истиқлол олимони озмоишгоҳ дар омӯзиши сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон ба натиҷаҳои муҳим ноил шуданд.

Яке аз самтҳои ҷолиб омӯзиши алмос ва ҷинсҳои алмосдор мебошад. Дар Тоҷикистон бори аввал гранитҳои аз як қатор элементҳои нодир ва маъданӣ бой кашф карда шуданд. Дар базитҳои ишқорӣ ва карбонатитҳои Тиёншони Ҷанубӣ ксенокристҳои хромит, графит ва зарраҳои хурди алмос ошкор гардиданд. Таҳқиқот имконияти мавҷудияти алмосҳои техникӣ ва ҷинсҳои саноатии алмосдорро дар баъзе минтақаҳои кишвар нишон дод. Дар натиҷа камарбанди эҳтимолии алмосдори Тиёншони Ҷанубӣ низ ҷудо карда шуд.

Карбонатитҳо ва элементҳои нодир низ ба таври васеъ таҳқиқ шуданд. Муайян гардид, ки карбонатитҳои Туркистон ва Олой аз ниобий ва тантал, карбонатитҳои Помир бошанд, аз флюорит, селестин, элементҳои радиоактивӣ ва лантаноидҳо ғанӣ мебошанд. Дар Помири Шарқӣ кони бузурги флюорит-лантаноидии Дункелдик, ки захираи он зиёда аз 20 миллион тонна арзёбӣ мешавад, омӯхта шуд.

Дар самти тилло ва нуқра низ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Таҳқиқот нишон дод, ки бисёр конҳои калони тиллои Тоҷикистон бо ҷинсҳои қадимаи варақсангӣ алоқаманданд. Барои минтақаҳои Помир ва Тиёншон ноҳиябандии маъданӣ гузаронида шуда, моделҳои геологӣ ва генетикии ташаккули тилло таҳия гардиданд. Барои конҳои нуқра панҷ навъи асосии форматсияҳои маъданӣ муайян шуда, зиёда аз 35 минерали нуқрадор ошкор ва тавсиф гардид.

Дар асоси омӯзиши конҳои флюорит, барит, полиметаллҳо ва сангҳои қиматбаҳо меъёрҳои нави ҷустуҷӯ, пешгӯӣ ва арзёбии конҳо таҳия шуд. Ин натиҷаҳо барои корҳои минбаъдаи иктишофӣ ва арзёбии захираҳои зеризаминии кишвар аҳаммияти амалӣ доранд.

Дар давраи фаъолияти гурӯҳи нафт ва гази Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ аз соли 2014 то 2026 дар самти омӯзиш ва муайян намудани минтақаҳои дурнамодори нафту газ як қатор натиҷаҳои муҳим ба даст оварда шуданд. Омӯзиши антиклинали Гулдара дар дохили мегасинклинали Кӯлоб иқтидори баланди нафту газдории минтақаро нишон дода, захираҳои тахминии истихроҷшавандаи нафт 20,275 млн тонна ва гази озод 187 млрд м3 арзёбӣ гардиданд. Дар минтақаи Кӯлоб панҷ кони нафту газ – Патинак, Селдузд, Усунихор, Пушиони Ҷанубӣ ва Хоҷасартез кашф шудаанд.

Минтақаи антиклиналии Кофарниҳон низ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқот ба ҳисоб рафта, захираҳои истихроҷшавандаи он 17,057 млн тонна нафт ва 227,4 млрд м3 газ арзёбӣ шудаанд. Таҳқиқоти гидрогеологӣ, геологӣ ва геофизикӣ дар сохторҳои Соҳилӣ ва Айваҷ нишон дод, ки қабатҳои табошир ва юраи болоӣ метавонанд дорои иқтидори назарраси нафту газ бошанд. Дар ин замина, барои пармакунии чоҳҳои иктишофии то 3500 метр ва ҷалби сармоягузорон пешниҳодҳои мушаххас таҳия шудаанд.

Гурӯҳи нафт инчунин таҳқиқоти илмиро оид ба шароити фатсиалӣ-палеогеографии ташаккули қабати гӯгирдак ва робитаи он бо ҷамъшавии карбогидридҳо анҷом дода, натиҷаҳои онро дар конфронсҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Барои кашфи конҳои нави нафту газ шаш пешниҳоди сармоягузорӣ таҳия шуда, омӯзиши минтақаҳои Маҳрам, Нефтобод ва Селроҳа низ идома дорад. Ҳамзамон, барои омода намудани мутахассисони соҳавӣ ду китоби илмӣ-таълимӣ ба нашр расонида шудааст. Дар маҷмуъ, натиҷаҳои бадастомада барои рушди саноати нафту газ ва таҳкими амнияти энергетикии Тоҷикистон заминаи илмӣ фароҳам меоранд.

Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти озмоишгоҳ кашф ва тавсифи минералҳои нав мебошад. Дар ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ як қатор минералҳои нав, аз ҷумла файзиевит, гармит, фалгарит, крейтерит, шаҳдараит, бадахшанит, пепросиит (Y) ва ғайра муайян карда шуданд. Ҳамчунин чандин минерал бори аввал дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ошкор гардид.

Натиҷаҳои таҳқиқоти бисёрсола дар як қатор монографияҳо ҷамъбаст шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои «Минералогия и условия образования многометалльного месторождения Большой Канимансур», «Минералогические особенности и генезис Кухилалского месторождения благородной шпинели», «Геология, минералогия и особенности генезиса скарново-полиметаллических месторождений Алтынтопканского рудного узла» ва «Минералогия и условия формирования серебро-олово-полиметаллического месторождения Мирхант» натиҷаҳои муҳимми омӯзиши захираҳои маъдании Тоҷикистонро инъикос мекунанд.

Дар маҷмуъ, фаъолияти илмии озмоишгоҳ ба таҳияи моделҳои генетикии конҳои тилло, флюорит ва сангҳои қиматбаҳо, муайян намудани робитаи маъданнокӣ бо магматизм ва структураҳои геологӣ, инчунин коркарди меъёрҳои нави ҷустуҷӯ ва баҳодиҳии конҳо равона шудааст.

Дар солҳои 2011-2015 мавзуи илмии «Омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданоки сахт ва тавсияҳо оид ба азхудкунии онҳо», солҳои 2016-2020 мавзуи илмии «Таҳқиқоти типоморфизм ва типохимияи минералҳои як қатор конҳои Тоҷикистон» ва солҳои 2021-2025 мавзуи «Минералогияи конҳои маъдании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бомуваффақият иҷро шуданд. Айни замон таҳқиқот дар мавзуи «Пешгӯӣ ва арзёбии дурнамои маъданҳои камёб дар мисоли Тоҷикистонӣ Марказӣ ва Помир» идома дорад.

Ҳамин тариқ, дар давраи истиқлол Озмоишгоҳи канданиҳои фоиданок на танҳо ба омӯзиши захираҳои зеризаминии Тоҷикистон саҳм гузошт, балки барои рушди мактаби миллии минералогия ва геология, тайёр кардани кадрҳо, мутахассисони ҷавон, кашфи минералҳои нав ва таҳияи усулҳои муосири ҷустуҷӯ ва арзёбии конҳо заминаи муҳим фароҳам овард. Натиҷаҳои бадастомада барои рушди илми геология ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Тоҷикистон аҳаммияти илмӣ ва амалӣ доранд.

 

 

ФАЙЗИЗОДА Фотеҳ Абдувакил,

доктори илмҳои геология ва минералогия,

 мудири лабораторияи канданиҳои фоиданоки

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар

ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту