preloader

интизор шавед...

Идомаи корҳои экспедитсионии геологӣ дар Помир

  • 18-авг-2026
  • 112 дидани саҳифа

Кормандони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи байналмилалии «Ташаккули майдони деформатсияи қишри замини Тян-Шон (Синзян — Осиёи Марказӣ) ва ҳудудҳои ҳамшафат»  дар ҳудуди ВМКБ корҳои саҳроиро оид ба гузаронидани андозагириҳои такрории GPS/GNSS дар нуқтаҳои шабакаи геодинамикӣ анҷом дода истодаанд.

Шабакаи геодинамикии GPS дар доираи ҳамкориҳои илмии муштараки байналмилалӣ бо ҳамтоёни хориҷӣ барои омӯзиши ҳаракатҳои кунунии пӯстлохи Замин ва равандҳои геодинамикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуда, солҳои 2005, 2011, 2013 ва 2015 якҷо бо олимони ИМА, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар нуқтаҳои интихобшудаи шабака ченкуниҳои геодезии моҳворавӣ гузаронида шуда буданд.  

Тибқи нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар нуқтаҳои муайяншуда, пас аз фосилаи вақти муайян насби асбобҳои таъиншуда ва андозагириҳои такрорӣ гузаронида мешаванд. Аз оғози соли 2010 бо густариши ҳамкориҳои илмӣ бо институтҳои академии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор намудани ченкуниҳои такрорӣ дар шабакаи геодинамикии GPS, дар минтақаҳои Тоҷикистон ҷойгиршуда, ба нақша гирифта шуданд. Ҳамин тавр, дар солҳои 2011-2013 ва 2015 бо иштироки мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин мушоҳидаи ҳаракатҳои алоҳидаи сохтори замин бо васлу насби асбобҳои кунунӣ дар нуқтаҳои аз нав интихобшуда, роҳандозӣ шуданд.

Соли 2026, пас аз танаффуси 11-сола аз марҳалаи охирини мушоҳидаҳо, Институт дар доираи лоиҳаи зикршуда андозагириҳои такрории нуқтаҳои шабакаро ба роҳ монд. Тибқи нақша корҳои саҳроӣ бояд санаи 15-уми июли соли ҷорӣ дар як вақт дар ҳамаи нуқтаҳои шабакаи геодинамикии GPS, дар минтақаҳои ҷумҳуриҳои аъзо аз Осиёи Марказӣ оғоз мегардиданд, ки ин барои ҳамсанҷӣ намудани додаҳои гирифташуда аз минтақаҳои гуногун дар вақти муайяншуда, аҳаммияти илмӣ-амалӣ дорад.

Ҳадафи дигари корҳои саҳроии имсола ба даст овардани додаҳои нави дақиқи GPS/GNSS ва ҳамсанҷии он бо натиҷаҳои солҳои гузашта мебошад. Ин имкон медиҳад, ки тағйироти координатаҳои нуқтаҳо дар фосилаи дуру дарози вақт муайян гардида, самт ва суръати ҳаракатҳои кунунии пӯстлохи Замин арзёбӣ карда шавад.

Дар ҷараёни корҳои таҳқиқоти саҳроӣ мутахассисон ба нуқтаҳои пештар интихоб намудаи шабака сафар намуда, ҳолати онҳоро санҷида, қабулкунакҳои геодезии GPS/GNSS-ро барои назораҳои давомнок насб менамоянд. Бо назардошти онки нуқтаҳои ченкунии шабака дар минтақаҳои гуногуни баландкӯҳи Помир ва дар масофаҳои зиёд аз ҳамдигар ҷойгир шудаанд, шароити гузаронидани корҳои саҳроиро душвортар менамоянд.

Ҳангоми назора ба дуруст ва устувор насб намудани антенна дар маркази нуқтаи геодезӣ, чен намудани баландии антенна ва давомнокии сабти додаҳои моҳворавӣ диққати махсус дода мешавад. Барои ҳар як нуқтаи ченшуда, инчунин додаҳои саҳроӣ, аз ҷумла сана, вақти оғоз ва анҷоми назора, навъи гирандаи (қабулкунак) ва антенна, баландии антенна ва дигар додаҳои зарурӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Пас аз анҷоми корҳои саҳроӣ додаҳои ҷамъоваришуда коркард ва натиҷаҳои андозагириҳои соли 2026 бо додаҳои солҳои 2011, 2013 ва 2015 ҳамсанҷӣ карда мешаванд. Дар асоси дигаргунии координатаҳои нуқтаҳо имконияти муайян намудани суръат ва самти ҳаракатҳои горизонталӣ ва вертикалии пӯстлохи Замин ва арзёбии хусусиятҳои деформатсияи кунунии минтақа фароҳам меояд.

Помир яке аз минтақаҳои фаъоли тектоникии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, назораҳои такрории сомонаи GPS/GNSS барои омӯзиши миқдории ҳаракатҳои кунунии пӯстлохи Замин ва дарки равандҳои геодинамикии минтақа аҳаммияти муҳимми илмӣ доранд. Махсусан, ченкуниҳои соли 2026 пас аз танаффуси 11-сола барои идома додани силсилаи назораҳои бисёрсола ва ба даст овардани додаҳо ва маълумоти нав оид ба деформатсияи кунунии минтақаи Помир хело муҳим мебошанд.

Айни замон, корҳои саҳроӣ дар нуқтаҳои шабакаи геодинамикии GPS/GNSS идома доранд. Натиҷаҳои ниҳоӣ пас аз анҷоми ченкуниҳо, коркард ва таҳлили додаҳоии ҷамъоваришуда муайян ва ҷамъбаст карда мешаванд.

Натиҷаҳои бадастомада барои омода намудани мақолаҳои илмӣ истифода гардида, чопи онҳо дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ пешбинӣ мегардад. Ҳамин таавр, ченкуниҳои соли 2026 барои идомаи назораҳои бисёрсолаи геодинамикӣ ва ба даст овардани додаҳои нави илмӣ оид ба ҳаракатҳои кунунии пӯстлохи Замин дар минтақаи Помир заминаи муҳим фароҳам меоранд.

 

Абдулзода Шерзод Балаҷон,

Аламов Беҳруз Аҳмадшоевич

кормандони ИГСЗТС АМИТ

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Август 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту