preloader

интизор шавед...

Таҳқиқи минералогияи конҳои маъдании ВМКБ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чиро нишон дод?

  • 29-ноя-2023
  • 200 дидани саҳифа

  Ин таҳқиқот аз ҷониби гурӯҳи донишм андону пажӯҳишгарон бо роҳбарии узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессор А. Файзиев анҷом шудааст.

  Муайян карда шуд, ки майдони маъдании Якҷилва (Помири ҶанубиШарқӣ) дар қатори дигар майдонҳои дорои маъдани нуқраи Помир - Бачор, Марҷонай, Қародара, Сасик  ва ғайра яке аз майдонҳои аз захираи маъдани нуқра бой ба ҳисоб рафта, аз нигоҳи омӯзиши металлогенӣ, минералогӣ, геокимиёвӣ ва назарияи пайдоиши минералу маъдан суст омӯхташуда ба шумор меравад. Ассотсиатсияи минералҳои омӯхташуда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар майдони маъдании омӯхташаванда имкониятҳои кашфи минералҳои кашфношудаи нуқраю сурма калон аст.

  Бино ба тадқиқоти базалтоидҳои ишқорӣ дар қисми марказии гиреҳи маъдании Зарнисор (Олтинтопкан) нишон доданд, ки синну соли базалтоидҳои ишқорӣ дар ҳамаи найчаҳои таркишӣ («Алтин-I», «Алтин-II», «Кичик») комилан якхелаанд ва андозаи миёнаи синну соли онҳо аз рўйи шкалаи байналхалқӣ ба 169±7 млн. сол баробар аст ва ба юраи миёна ва боло – асрҳои бат ва келловей рост меояд. Синну соли ин найчаҳои таркишии базалтоидҳои ишқорӣ қариб 100 млн сол аз синну соли радиологии  ҷинсҳои магматикӣ ҷавонтар мебошад.

  Бино ба таҳқиқоти анҷомёфта ташаккул ва ҷойгиршавии конҳои нуқра ва нуқрадор аз маҷмӯи омилҳо вобастагӣ доранд (геотектоникӣ, сохторӣ, литологӣ-петрографӣ, стратиграфӣ, метасоматизминаздимаъданӣ, умқиташаккул, буриши эрозионӣ, минтақабандиимаъдан), вале омилҳои сохторӣ ва литологӣ-петрографӣ дар байни онҳо аҳамияти калон доранд. Таҳлили маводи мавҷуда имкон медиҳад, ки дурнамои ин минтақаҳоро оид ба паҳншавӣ ва ҷойгиршавии маъдани нуқра муайян карда шавад.

  Барои сақфи қабатҳои сумсар (палеоген) ва гознау (буриболоӣ) кони нафту гази Маҳрам (ҳавзаиФарғонаи Ғарбӣ) харитаҳои сохторӣ тартиб дода шуданд, ки сохти геологии ин конро ба тарзи нав шарҳ медиҳанд.

  Дар рагаҳои пегматитии майдони Шохдара минерали нодири скандийдор – ниобохефтетернит (ScNbO4) ёфта омӯхта шуд, ки ин кашфи дуюми ин минерал дар дунё мебошад.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Декабрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту