preloader

интизор шавед...

ДАР ИНСТИТУТ ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ТАШКИЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

  • 19-сен-2026
  • 41 дидани саҳифа

Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.

Дар баробари ҷамъбасти фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ, дар доираи ҷаласа ҳисоботи панҷсолаи фаъолияти Иттифоқи касабаи Институт шунида шуда, масъалаи интихоби ҳайати нави ташкилоти иттифоқи касаба низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа роҳбарияти Институт, роҳбарони воҳидҳои сохтории илмӣ, олимону муҳаққиқон, кормандони воҳидҳои сохторӣ, Раиси Иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёзода Фозил ва аъзои Иттифоқи касабаи Институт иштирок намуданд.

Дар қисми аввали ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Директори Институт, номзади илмҳои геологияю минералогия Носир Сафарализода зимни пешниҳоди ҳисобот самтҳои асосии фаъолияти илмии муассисаро дар давраи ҳисоботӣ таҳлил намуда, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар доираи мавзуъҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, натиҷаҳои бадастомада, корҳои саҳроӣ ва озмоишгоҳӣ, омодасозӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ, иштироки кормандон дар конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Институт дар самти иҷрои нақшаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ, таҳкими заминаи таҳқиқотӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Ҳамзамон, ба масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ, рушди ҳамкориҳои байнисохторӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти илмӣ-ташкилӣ, иҷрои нақшаҳои тасдиқгардида, таҳияи ҳисоботҳои илмӣ, нашри натиҷаҳои таҳқиқот, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва тақвияти фаъолияти минбаъдаи илмии Институт низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар муҳокимаи ҳисобот кормандони Институт, аз ҷумла номзади илмҳои геологию минералогӣ Мавлонӣ С.Р., баромад намуда, оид ба натиҷаҳои бадастомада, масъалаҳои мубрам, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти илмӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа таъкид карданд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои илмӣ, тақвияти ҳамкориҳои байнисохторӣ, рушди робитаҳои илмӣ ва ҷалби бештари кормандони ҷавон ба таҳқиқоти илмӣ аз омилҳои муҳими рушди минбаъдаи фаъолияти Институт ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи ҷаласа директори Институт Носир Сафарализода ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи муассиса таваҷҷуҳ намуда, барои давраи боқимондаи соли 2026 як қатор вазифаҳои муҳимро муайян намуд.

Аз ҷумла, зарурати идомаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷрои босифати нақшаҳои илмӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-ташкилӣ, баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ, сари вақт ба нашр расонидани натиҷаҳои таҳқиқот, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва дастгирии муҳаққиқони ҷавон таъкид гардид.

Роҳбарияти Институт аз олимону муҳаққиқон ва кормандони сохторҳои илмӣ даъват намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои пешбинишуда бо масъулияти баланд фаъолият намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми илмии Институт саҳми муносиб гузоранд.

Як лаҳзаи хотирмони ҷаласа ҳавасмандгардонии кормандони илмии Институт буд, ки дар соли ҷорӣ рисолаҳои илмии худро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби диплом гардиданд.

Бо қадрдонӣ аз дастовардҳои илмии онҳо Рахманов А.А. - доктори илмҳои техникӣ, Одинаев Ш.А. - доктори PhD, Кароматуллои Ю. ва Ёқубзода Ш. - номзадҳои илмҳои геологию минералогӣ аз ҷониби роҳбарияти Институт ҳавасманд гардонида шуданд.

Роҳбарияти Институт ба олимони ҷавон ва соҳибунвони илмӣ барои саҳми онҳо дар рушди илм ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муассиса изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ комёбиҳо таманно кард.

Қисми дигари ҷаласа ба ҷамъбасти фаъолияти Иттифоқи касабаи Институт дар панҷ соли охир бахшида шуд.

Дар ҳисоботи Раиси Иттифоқи касабаи Институт Раҳимзода М.Р. фаъолияти ташкилоти иттифоқи касаба дар давраи ҳисоботӣ ҳамаҷониба ҷамъбаст гардид.

Дар ҳисобот масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои корӣ ва иҷтимоии кормандон, ҳамкорӣ бо роҳбарияти Институт, дастгирии кормандон, иштироки онҳо дар маҳфилу ҳамоишҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин дигар самтҳои фаъолияти ташкилоти иттифоқи касаба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки Иттифоқи касаба ҳамчун сохтори намояндагии кормандон дар ҳалли масъалаҳои корӣ ва иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, беҳтар намудани шароити кор ва таҳкими муносибатҳои солими меҳнатӣ нақши муҳим дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти иттифоқи касаба дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти Институт ҷиҳати дастгирии кормандон, ташкили нишастҳои фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва варзишӣ, таҳкими фазои солими меҳнатӣ ва мусоидат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намудааст.

Ҳисоботи панҷсолаи Иттифоқи касаба аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа, аз ҷумла Лоиқзода М.Л., Сафарализода Н.С. ва дигарон баррасӣ гардид. Дар ҷараёни муҳокима оид ба натиҷаҳои фаъолияти панҷсолаи ташкилот андешаҳо баён гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Иттифоқи касаба пешниҳодҳои мушаххас ироа шуданд.

Дар идомаи ҷаласа Раиси Иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрзода Фозил ба Раиси Иттифоқи касабаи Институт Раҳимзода М.Р. барои фаъолияти пурсамар ва саҳми муносиб дар рушди фаъолияти ташкилоти иттифоқи касаба Сипоснома ва дастагули зебо тақдим намуд.

Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадрдонӣ аз фаъолияти чандсолаи Раиси Иттифоқи касабаи Институт ва саҳми ӯ дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон арзёбӣ гардид.

Дар идомаи ҷаласа масъалаи интихоби ҳайати нави Иттифоқи касабаи Институт баррасӣ гардид.

Сараввал, бо мақсади таъмини шаффофият ва риояи тартиби муқарраргардидаи интихобот, ҳайати комиссияи ҳисоби овозҳо интихоб карда шуд. Ба ҳайати комиссия Каримов Р.Ш., Ҳоҷиев А.К. ва Сафаров Л. шомил гардиданд.

Сипас, бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи намояндагони ҳамаи воҳидҳои сохтории Институт дар фаъолияти минбаъдаи Иттифоқи касаба, номзадҳо ба ҳайати нави ташкилот пешниҳод гардиданд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ ҳайати нави Иттифоқи касабаи Институт интихоб гардида, Абдулзода Ш.Б. - Раиси Иттифоқи касабаи Институт ва Абдуқаҳҳор Нуров - муовини Раиси Иттифоқи касаба интихоб шуданд.

Ба ҳайати нави Иттифоқи касаба вазифаҳои муҳим, аз ҷумла идомаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон, таҳкими ҳамкорӣ бо роҳбарияти Институт, баланд бардоштани нақши ташкилоти иттифоқи касаба дар ҳаёти ҷамъиятии муассиса ва дастгирии ташаббусҳои кормандон вогузор карда шуданд.

Ҳамзамон, зарурати тақвияти фаъолияти ташкилоти иттифоқи касаба дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат, дастгирии кормандон ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар коллектив таъкид гардид.

Ҷаласаи ҳисоботӣ дар фазои корӣ, созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ дар нуҳ моҳи соли 2026, фаъолияти панҷсолаи Иттифоқи касаба ҷамъбаст гардида, вазифаҳои минбаъда муайян ва ҳайати нави ташкилоти иттифоқи касаба интихоб карда шуд.

Баргузории чунин ҷаласаҳо барои таҳлили натиҷаҳои бадастомада, муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда, баланд бардоштани масъулияти кормандон, таҳкими фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар дохили коллектив аҳамияти муҳим дорад.

Итминон аст, ки бо фаъолияти самараноки ҳайати нави Иттифоқи касаба ва ҳамкории созандаи он бо роҳбарияти Институт минбаъд низ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таҳкими муҳити солими меҳнатӣ ва рушди ҳаёти ҷамъиятии муассиса тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳанд гардид.

Амриддин Ҳоҷиев,

котиби илмии Институт

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Сентябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту