preloader

интизор шавед...

ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - ҲАМЧУН МЕРОСИ ГАРОНБАҲОИ НИЁГОН

  • 09-окт-2026
  • 33 дидани саҳифа

9 октябри соли 2026, дар бинои асосии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори озмоишгоҳи петрология ва геокимиё семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Маъдандории комплексҳои магматикӣ-ишқории Тиёншони ҷанубӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Семинари мазкур бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳими илми геология, мубодилаи таҷрибаи илмӣ, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти муосир ва баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба омӯзиши захираҳои зеризаминии кишвар ташкил карда шуд. Дар баробари ин, бахшида шудани чорабинӣ ба Рӯзи забони давлатӣ аҳаммияти забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон таъкид менамуд.

Семинарро муовини директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Каримов Р.Ш. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Зимни суханронӣ ба аҳаммияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар рушди таҳқиқоти геологӣ, омӯзиши хусусиятҳои минералогӣ ва петрографии комплексҳои магматикӣ, инчунин муайян намудани имкониятҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Нахуст, мудири озмоишгоҳи петрология ва геокимиё, доктори илмҳои геология ва минералогия ҒафурзодаФ.Ғ. дар мавзуи «Забони давлатӣ - ҳамчун мероси гаронбаҳои ниёгон» маъруза намуд. Дар он мақоми забони тоҷикӣ дар ҳифзи ҳуввияти миллӣ, нигоҳдории мероси фарҳангиву таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими муттаҳидсозии ҷомеа ва воситаи интиқоли дониш, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба забони модарӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, рушди он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла илму маориф, аҳаммияти хос дорад.

Маърузаи навбатиии ҒафурзодаФ.Ғ. дар мавзуи «Карбонатитҳо манбаи муҳими металлҳои нодир» ироа шуд. Дар он аҳаммияти карбонатитҳо ҳамчун ҷинсҳои махсуси магматикӣ, ки метавонанд бо унсурҳо ва металлҳои дорои арзиши баланди саноатӣ алоқаманд бошанд, баррасӣ гардид. Омӯзиши карбонатитҳо дар геологияи муосир яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои муайян намудани манбаъҳои эҳтимолии ашёи хоми стратегӣ ва густариши таҳқиқоти маъданшиносӣ замина фароҳам меорад. Таваҷҷуҳ ба ин навъи ҷинсҳо аз нигоҳи ҷустуҷӯ ва арзёбии захираҳои эҳтимолии маъданӣ низ муҳим мебошад.

Дар идомаи семинар Одинаев Ш.А. дар мавзуи «Петрографические особенности и минеральный состав диоритов Пангазджилгилского комплекса, Центральный Памир» маъруза намуд. Маъруза ба омӯзиши хусусиятҳои петрографӣ ва таркиби минералии диоритҳои комплекси Пангазджилгил дар Помири Марказӣ бахшида шуд. Таҳқиқи таркиби минералӣ ва хусусиятҳои петрографии ҷинсҳои магматикӣ барои муайян намудани шароити пайдоиш, таърихи ташаккул ва хусусиятҳои геологии онҳо аҳаммияти назаррас дорад. Чунин таҳқиқот барои амиқтар фаҳмидани сохтори геологии минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ва равандҳои магматизм мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон, Латипов У.Ҳ. дар мавзуи «InSAR моделирование и его связь с неотектоникой и геодинамикой» маъруза пешниҳод кард. Дар он масъалаҳои моделсозии InSAR ва робитаи он бо равандҳои неотектоникӣ ва геодинамикӣ баррасӣ гардиданд. Истифодаи усулҳои муосири таҳқиқоти фосилавӣ, аз ҷумла таҳлили маълумоти радиолокатсионии моҳвораӣ, барои омӯзиши ҳаракатҳои сатҳи замин ва арзёбии равандҳои деформатсионӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ин самти таҳқиқот дар омӯзиши равандҳои геодинамикӣ ва беҳтар намудани фаҳмиши ҳаракатҳои тектоникӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Маърузаҳои пешниҳодшуда доираи васеи масъалаҳои илмиро фаро гирифта, аҳаммияти таҳқиқоти байнисоҳавиро дар рушди илми геология нишон доданд. Баррасии масъалаҳои минералогия, петрография, маъданҳосилшавӣ ва усулҳои муосири таҳқиқот барои табодули афкор ва тақвияти ҳамкории илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар кори семинар доктори илмҳои физика ва метематика, профессор КаримовФ.Ҳ., номзадони илмҳои геология ва минералогия Мавлонӣ С.Р. ва ҶураевР.У. дар муҳокимаву баҳсҳои домадор иштирок намуданд.

Дар умум, баргузории семинари илмӣ-амалӣ қадами муҳим дар самти густариши таҳқиқоти геологӣ, муаррифии масъалаҳои мубрами илми муосир ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ арзёбӣ мегардад. Чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаи илм бо амалия, рушди тафаккури илмӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба омӯзиши сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳамзамон нақши забони давлатиро дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа таъкид мекунанд.

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту