preloader

интизор шавед...

Нақши қалам дар ҳифз, ташаккул ва густариши забони адабии тоҷикӣ

  • 05-окт-2026
  • 50 дидани саҳифа

“Ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат бояд ҳамеша барои арҷгузорӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ талош намояд ва парчамбардори забону фарҳангу миллати хеш бошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Зери осмони нилгуни таърих миллатҳо пеш аз ҳама, бо забони модарӣ, ном, ва фарҳанги хеш шинохта мешаванд. Забон танҳо воситаи муошират нест, балки шиносномаи рӯҳӣ, ганҷинаи хирад ва пойдевори устувори давлатдории ҳар як халқу олам аст. Барои мо - тоҷикон, забони тоҷикӣ рамзи бақо, муқаддастарин арзиши миллӣ ва мероси гаронбаҳоест, ки аз ниёгон ба мерос мондааст. Ҳифз ва густариши ин забони ноби мардумӣ дар тули асрҳо ба дӯши фарзандони фарзонаи миллат – адибони тоҷику форс бор шуда буд. Таърихи забони адабии тоҷикӣ бо номи бузургтарин устодони сухан пайванди ногусастанӣ дорад. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ касе буд, ки аввалин хиштҳои ин бинои бузургро бо сухан поягузорӣ кард. Рӯдакӣ на танҳо “Султони шоирон”, балки меъмори аввалини забони адабии тоҷикӣ дар даврони баъд аз истилои араб маҳсуб мешавад.

Забон аз Рӯдакӣоғози худёфт,

Зи Фирдавсӣпарипарвозихудёфт.

Забони тоҷикӣаздастиАйнӣ.

Басо зебу фару эъҷозихудёфт.

Хидмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ низ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани он гардид.

Бо гузашти асрҳо ва таҳдиди аз байн рафтани забони миллӣ зери фишори сиёсати замон, Фирдавсӣ бо заҳмати 30-сола ва эҷоди беш аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) забони аслу наҷиби тоҷикиро ба ларза овард ва аз заволи комил наҷот дод.​ Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки бо корномаи бемислу монандашон тақдири ояндаи халқи худро дигаргун сохтаанд. Дар таърихи тоҷикон Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ мақоми хоса дорад. Бо гузашти ҳазорсолаҳо эҷодиёти ин шоири бузург ҳамчун муҳимтарин сипар дар ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ боқӣ мондааст.

​ ​Шоир хуб дарк мекард, ки бе забон миллат вуҷуд надорад. Дар «Шоҳнома» сатрҳои машҳуре ҳастанд, ки маҳз ба арҷгузорӣ ва қудрати забон бахшида шудаанд:

Бисёр раъду барқ  аз ин пеш буд,

Ки нобуд шуд он ки накӯкеш буд.

Бинам ин номаро садсола пеш,

К-аз ӯ баргузорам ҳама роҳи хеш.

Ва ё дар ҷойи дигар бо ишора ба сухани тоза ва тоҷикӣ гуфтааст, ки ба ёдгории бузурги сухан эҳтиёҷ дорад, то номи аҷдод фаромӯш нашавад:

Бисёрам аз ин достон гуфтугӯй,

Бисёр бихондам зи гуфтори ӯй.

​Абулқосим Фирдавсӣ бо эҷоди Шоҳномаи безавол танҳо як асари бузурги бадеӣ офарида натавонист, балки пояи асосии истиқлоли фарҳангӣ ва забонии моро гузошт. Агар Фирдавсӣ намебуд, шояд имрӯз забони тоҷикӣ ин қадар соф, равон ва бой боқӣ намемонд. Маҳз ба шарофати ин шоири бузург, забони мо то имрӯз ҳамчун рукни асосии ҳастии миллат боқӣ мондааст. Агар устод Рӯдакӣ ва Ҳаким Фирдавсӣ поягузорон ва наҷотдиҳандагони забони тоҷикӣ дар давраи классик бошанд, пас устод Садриддин Айнӣ наҷотдиҳанда, муҳофиз ва бунёдгузори забони адабии тоҷикӣ дар замони муосир аст. Дар ибтидои асри XX, замоне ки забони тоҷикӣ бо сабабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар хатари бузурги таназзул, омезиши аз ҳад зиёд ва ҳатто зери суол рафтан қарор дошт, устод Айнӣ мисли кӯҳи сарбаланд истодагарӣ кард. Устод Айнӣ на танҳо бо сухан, балки бо амал забони моро ҳифз кард.

Саҳми Садриддин Айнӣ дар ҳифзи забони тоҷикӣ бевосита бо тақдири худи миллат пайванд аст. Агар устод Айнӣ дар он рӯзҳои сахт бо қалам, илм ва фидокории худ забони моро ҳимоят намекард, шояд имрӯз мо дар шинохти мероси гузашта ва тавсеаи забони давлатӣ дучори мушкилоти бузург мешудем. Маҳз ба шарофати хидматҳои шоёни ин марди бузург забони тоҷикӣ ҳамчун забони расмӣ, илм ва адабиёт дубора эҳё гардид ва қадамҳои устувор ба сӯи оянда гузошт.
​Посдорони дигари ин забон, монанди Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор ва Бозор Собир бо эҷоди шеъру достонҳои ватандӯстона садоқати худро ба забони модарӣ ба таври зебо баён кардаанд.

Имрӯз, дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳар як фарди бедордил вазифадор аст, ки ин мероси бузургро пос дорад, зеро пойдории забони тоҷикӣ ин пойдории давлат, миллат ва фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.”Аммо мутаасифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо чунин ҳолатҳо бисёр ба назар мерасад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили мамлакати худ байни ҳамдигар на бо забони модарӣ, балки бо забони русӣ ҳарф мезананд, ки ин албатта ба аз байн рафтану олудашавии забони тоҷикӣ оварда мерасонад. Асосан ҳама чиз аз оила сарчашма мегирад, баъзе оилаҳо чунин андеша доранд, ки гӯё бо забони русӣ ё забони хориҷӣ ҳарф задан нишонаи саводнокӣ ё шахси пешрафта будан аст, вале аз нигоҳи ман ин дидгоҳи нодуруст аст. Чунон, ки фармудаанд:

Ҳаркасбазабонихудсухандонгардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Бисёр муҳим аст, ки мо насли имрӯза забони зебои аҷдодии худро аз ғалатҳои беҷо ва калимаҳои бегона ҳифз кунем, то шукӯҳи он барои наслҳои оянда низ пойдор монад.

Докторанти PhD - и

Институти геология сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар васейсмологияи АМИТ

Оқилҷони С.   

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Октябрь 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru 734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту