
Дастоварди нави илмӣ дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 9 октябри соли 2026 дар Институти геология ва геофизикаи ба номи Абдуллоеви Ҷумҳурии Узбекистон, дар Шурои диссертатсионии DSc.31/2025.27.12.GM.06.01, аз рӯи ихтисоси 04.00.03 — «Геотектоника, геодинамика, петрология ва литология», котиби илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хоҷиев Амриддин Кучакович рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Хусусиятҳои петрологию геокимиёвӣ ва маъдандории силсилаи (серияи) габбро- плагиогранитоидии Ҳисори Ҷанубӣ (Тиёншони Ҷанубӣ)", зери роҳбарии Мамаҷонов Ю. сарбаландона ҳимоя намуд.
Роҳбарият ва коллективи Институт ин дастоварди арзишманди илмиро ба муҳаққиқи ҷавон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ муваффақиятҳои нав, комёбиҳои беназир ва қуллаҳои боз ҳам баландтари илмиро таманно менамоянд.
Ин дастоварди илмӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи равшани рушди илми ватанӣ, тақвияти иқтидори кадрии соҳаи геология ва саҳми олимони ҷавон дар омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ва хусусиятҳои геологии сарзамини азизамон мебошад.
Боиси зикр аст, ки роҳбарияти Институт таҳти роҳбарии директори он масъалаи омода намудани кадрҳои ҷавони илмӣ, тарбияи пажуҳишгарони соҳибтаҷриба ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони соҳаи геологияро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст. Дар шароити эҳтиёҷ ба кадрҳои баландихтисоси соҳа, дастгирии олимони ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои пешрафти фаъолияти илмии онҳо аҳаммияти хосса дорад. Дар ин раванд, роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарияти Институт дар дастгирии олимони ҷавон ва омода намудани кадрҳои илмӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз, ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шароити мусоиди фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, олимону пажуҳишгарони ҷавони соҳаи геология имконият доранд, ки ба омӯзиш, пажӯҳиш ва кашфиётҳои нави илмӣ машғул шуда, дар рушди илми ватанӣ ва тарбияи насли нави мутахассисони баландихтисос саҳми назаррас гузоранд.
Мо итминони комил дорем, ки ҳимояи муваффақонаи рисолаи номзадии Хоҷиев Амриддин Кучакович барои фаъолияти минбаъдаи илмии ӯ заминаи устувор фароҳам оварда, дар пажуҳиши масъалаҳои муҳими геология, петрология ва геокимиёи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон натиҷаҳои арзишманд ба бор хоҳад овард.

Бори дигар, Хоҷиев Амриддин Кучаковичро ба муносибати ҳимояи сарбаландонаи рисолаи номзадӣ самимона табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, саодати рӯзгор, илҳоми эҷодӣ, комёбиҳои нав ва дастовардҳои бузурги илмиро орзу менамоем!
Бигзор илми тоҷик ҳамеша рушд кунад ва олимони ҷавони кишвар бо дастовардҳои арзандаашон номи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд!
Бо эҳтиром,
директори ИГСЗТС АМИТ
Сафарализода Н.С.


