
Мувофиқи “Нақшаи корҳои экспедитсионӣ ва саҳроии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2026» аз 1-ум то 10-уми октябри соли 2026 кормандони озмоишгоҳи канданиҳои фоиданок корҳои экспедитсонии геологиро дар ноҳияҳои вилояти Суғд идома доданд. Барномаи илмӣ-тадқиқотӣ ду самти асосӣ - мушоҳидаҳои геодезии моҳворавӣ (GNSS) ва таҳқиқоти геологии саҳроиро фаро мегирифт.
Корҳои саҳроии GNSS дар яке аз нуқтаҳои шабакаи геодинамикии шимоли Тоҷикистон
Лозим ба ёдоварист, ки қисми аввали мушоҳидаҳои геодезии моҳворавӣ (GNSS) дар моҳи июл-августи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расида буд, ки айни замон натиҷаҳои ба дастомада бо натиҷаҳои дарёфтшудаи дигар марказҳои илмии Осиёи Марказӣ дар ҳолати ҳамсанҷишӣ қарор доранд.
Қисми дуввуми мушоҳидаҳои зикршуда дар ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дар се нуқтаи шабакаи геодинамикии байналмилалӣ бо насби таҷҳизоти GNSS ҷиҳати сабти статикӣ сурат гирифт. Давомнокии мушоҳидаҳо дар ҳар як нуқта на камтар аз 60 соатро ташкил дод. Маълумоте, ки ба даст омад, барои муайян намудани координатаҳои дақиқ ва таҳлили тағйироти мавқеи нуқтаҳо дар фосилаи вақт истифода хоҳад шуд.
Мушоҳидаҳои такрории GNSS яке аз усулҳои муҳим барои омӯзиши ҳаракат ва деформатсияи муосири пӯстлохи Замин мебошанд. Муқоисаи натиҷаҳои солҳои гуногун имкон медиҳад, ки суръат ва самти ҳаракати нуқтаҳои шабака муайян карда шуда, барои таҳқиқоти геодинамикӣ маълумоти миқдорӣ ба даст оварда шавад.
Пас аз анҷоми мушоҳидаҳои геодезӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар водии Зарафшон дар ҳудуди майдонҳои маъдании Тарору Ҷилав, Мосриф ва Мирхант гузаронида шуданд. Дар рафти хатсайрҳо баромадҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, минтақаҳои тағйирёфта ва маъданнок, хусусиятҳои сохторӣ, таркиби минералӣ, якҷоя пайдо шудани ассосиатсияҳои минералӣ ва муносибати онҳо ба генератсияҳои минбаъда омӯхта шуданд. Қитъаҳои омӯзишӣ аксбардорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ гардида, намунаҳои сангию маъданӣ барои таҳқиқоти лабораторӣ ҷамъоварӣ гардиданд.

Намуди умумии яке аз мавзеъҳои корҳои геологии саҳроӣ дар водии Зарафшон.
Намунаи минерализатсияи оксидшавии минералҳои сулфидӣ дар яке аз мавзеҳои омӯхташуда.
Азбаски муайян намудани таркиби дақиқи минералии намунаҳо дар шароити саҳроӣ маҳдуд аст, намунаҳои ҷамъоваришуда дар марҳалаи минбаъда дар озмоишгоҳҳо бо усулҳои минералогӣ, петрографӣ ва геокимиёвӣ таҳқиқ хоҳанд шуд. Ин таҳқиқот барои тавсифи таркиби минералӣ ва хусусиятҳои геокимиёвии маъдандорӣ маълумоти иловагӣ медиҳад.
Ҳамин тавр, корҳои илмӣ-тадқиқотии саҳроӣ имкон доданд, ки марҳалаи навбатии мушоҳидаҳои GNSS дар шимоли Тоҷикистон анҷом ёфта, ҳамзамон маводди нави геологӣ аз объектҳои маъдании водии Зарафшон ҷамъоварӣ карда шаванд. Маълумоти бадастомада барои идомаи таҳқиқоти геодинамикӣ ва геологӣ, таҳлили лабораторӣ ва омода намудани натиҷаҳои илмӣ истифода хоҳад шуд.
Ин гуна корҳои комплексӣ ба муттаҳид намудани маълумоти геодезӣ ва геологӣ мусоидат намуда, барои омӯзиши равандҳои кунунии Замин ва сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон заминаи илмӣ фароҳам меоранд.
Абдулзода Шерзод Балаҷон,
ходими калони илмиии озмоишгоҳи
канданиҳои фоиданоки ИГСЗТС АМИТ